Курсантони Академияи ВКД дар шанбегии «Боғи Ғалаба»
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҳамешагии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва гузоштани саҳми шаҳрвандӣ ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди пойтахти кишварамон, ки аз таъкидҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бармеояд, аз субҳи барвақт то чошти рӯзи 04.03.2023 беш аз 800 нафар курсантони Академияи ВКД дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе дар шанбегӣ фаъолона иштирок намуданд.
Қабл аз оғози маърака сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мақсаду нияти ташриф оварданро ба ин макони хушманзараи пойтахт хотирнишон сохта, ба ҳозирин меҳнати бовиҷдононаю софдилонаро таманно кард.
Курсантони факултетҳои №№ 2 ва 6- и Академияи ВКД дар зери роҳбарии муовинони сардори Академияи ВКД, полковникҳои милитсия Шарифзода Мирзо ва Ализода Алиҷон, сардорони факултетҳо, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ин равандро аз оғоз то анҷом ташкил ва ба танзим расониданд.
Курсантони Академияи ВКД дар ҳудуди беш аз 10 га дар тоза кардану рубучин ва берун кардани партовҳо, аз роҳравҳо, майдонҳо ва талу теппаҳо, гирду атрофи дарахтзорҳо ва ғайра, тибқи тақсимоти маъмурияти «Боғи Ғалаба», дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, Раёсати амнияти дохилии ВКД кори савобноку хуберо ба иҷро расониданд. Аз байн бурдани ҳар гуна намуди маводҳои ғайр ҳусни боғро боз ҳам рангинтар сохта барои ҳар як бинанда ва ташрифоваранда мароқовар хоҳад буд.
Назарзода Н.Ҷ.