Шанбегӣ дар Академияи ВКД
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҳудуди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва курсантон шанбегии умумиакадемиявӣ гузаронида шуд.
Дар рафти ин чорабинии муҳим, ки баҳри зебою мақбул намудани таълимгоҳ равона карда шуда буд, гирду атрофи муассисаи таълимӣ аз алафҳои бегона тоза карда шуда, зери дарахтон ва гулҳои ороишӣ нарм карда шуданд.
Ҳамзамон, дар раванди шанбегӣ ба миқдори беш аз 150 навъи дарахтони сояафкан, ороишӣ ва мевадиҳанда дар ҳудуди Академия аз ҷониби ҳайати шахсӣ шинонида шуд, ки атрофи ин муассисаи таълимиро боз ҳам зеботар гардонид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД чунин шанбегиҳо мувофиқи нақшаи дохилиидоравӣ бо ҷалби кормандон ва курсантон мунтазам гузаронида мешавад.
Назарзода Н.Ч.