Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таърихи ҷашнгирии Рӯзи байналхалқии занон

699

Рӯзи байналхалқии занон дар аввал Рӯзи мубориза бар зидди беҳуқуқии занон буд. Он на Иди бонувон, балки ҷашни занони инқилобгар ном дошт. 8-уми марти соли 1857 дар Ню-Йорк коргарзанони фабрикаҳои пойафзол ва дӯзандагӣ гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо даъвои кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ, беҳтар кардани шароити меҳнат ва маоши ба мардон баробарро талаб карданд. Он солҳо занон дар як шабонарӯз то 16 соат меҳнат мекарданд, вале музди ночиз мегирифтанд. Мардон баъди намоишҳои эътирозӣ рӯзи кории худро то 10 соат кам карда буданд. Дар бисёр корхонаҳои ИМА иттифоқҳои касаба пайдо шуданд. Пас аз 8-уми марти соли 1857 як иттифоқи касабаи нав созмон дода шуд, ки бори аввал дар таърих занон аъзои он гардиданд. Дар ин рӯз дар аксари кӯчаҳои Ню-Йорк садҳо занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд ва даъвои соҳибшавӣ ба ҳуқуқи овоз доданро карданд.
Таърихи ҷашнгирии Иди занон бо номи Клара Сеткин алоқаманд буда, гурӯҳи инқилобии худро, ки аз занон иборат буд, барои мубориза бар зидди истисморгарон ташкил карда буд. Ҳарчанд барои ин кор рӯзҳои бисёр сарф шуда буд, вале аъзои гурӯҳ ба қароре омаданд, ки рӯзеро чун Зодрӯзи «пролетариати занон» ҷашн гиранд. Соли 1910 дар шаҳри Копенгагени Дания дар конфронси дувуми занони сотсиалист бо пешниҳоди Клара Сеткин қарори ҷашнгирии “Рӯзи муборизаи занон барои ҳуқуқҳояшон» қабул карда шуд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳар сол бояд рӯзи занон ҷашн гирифта шавад ва он бояд «пеш аз ҳама барои ташвиқи ба занон додани ҳуқуқи овоздиҳӣ» хизмат кунад. Ҷашнгирии Иди бонувон чун даъвате ба муборизаи занон барои баробарҳуқуқӣ, қашшоқӣ, эҳтироми занон ва ҳуқуқ ба меҳнат буд. Бори аввал Рӯзи байналхалқии занон соли 1911 дар Олмон, Австрия, Дания ва Швейтсария ҷашн гирифта шуд.
Дар Русия Рӯзи байналхалқии занон маротибаи аввал соли 1913 дар Санкт-Петербург ҷашн гирифта шуд. Аз солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ, 8-уми март иди давлатӣ гардид. Дар моҳи марти соли 1917 занон ҳуқуқи овоздиҳӣ пайдо карданд ва дар Сарқонуни соли 1918 сиёсати баробарҳуқуқии занон акс ёфт ва дар ҳаёт татбиқ шуд. Оҳиста - оҳиста Рӯзи байналхалқии занон аҳамияти сиёсии худро гум кард. Аз соли 1965 бо қарори Президиуми Шурои Олии ИҶШС он рӯзи ғайрикорӣ гардид. Дар айни замон маросими ҷашни расмии дар ин рӯз мавҷуд буд: дар ин рӯз дар чорабиниҳои пурдабдаба давлат оид ба сиёсаташ нисбат ба занон ҳисобот медод. Бо ташаббуси созмонҳои феминистӣ аз солҳои 60-уми асри ХХ Рӯзи байналхалқии занон дар кишварҳои Ғарб ҳам ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз занҳои Ғарб дастовардҳои худро дар соҳаи мубориза барои ҳуқуқҳояшон намоиш медоданд. Аз соли 1975 Созмони Милали Муттаҳид, аз сабаби Соли байналхалқии Занон буданаш, 8-уми мартро чун Рӯзи байналхалқии занон эълон намуд. Баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 8-уми март чун Иди бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд.
Он дар дигар мамолики муштаракулманофеъ, аз қабили Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Туркманистон ва Украина чун Рӯзи байналхалқии занон; дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Ӯзбекистон чун Рӯзи Модар; дар Арманистон 7-уми апрел чун Рӯзи Модар ва Зебоӣ ҷашн гирифта мешавад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дигар мамлакатҳои собиқ ИҶШС анъана шудааст, ки Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо “Рӯзи Модар” эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст.Ин амр моро бар он бовар менамояд, ки мо ворисони аҷдоди шарафманди хеш имрӯз ба сӯи воқеият, бахшидани андешаҳои фарзонагони миллат бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом намуда, роҳи пуршараферо дар тақдири мақоми зан ва модар чун ҳадяи беҳтарини офаридгор дар қаламрави таърих тай намуда истодаем. Албатта, ин роҳи босубот ва бобарор моро ба ҷониби олитарин ормонҳои миллӣ раҳнамун хоҳад буд. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст. Зани тоҷик, ки намунаи олитарини зан-модар аст, дар доираи модарсолорӣ аз аввал то имрӯз боқӣ мондааст. Имрӯз ҳам ӯро чун зан-модар- ҳамон модаре, ки сари гаҳвора алла мехонад, парастиш мекунанд, васф мекунанду месароянд. Рисолати аслии зани тоҷик сабурии ӯст. Зан-модари тоҷик заҳматкашу меҳнатқарин буду ҳаст ва мемонад. Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар чӣ ки дар рӯйи замин дорем, ҳатто ҷони азизи худро лозим шавад, тайёрем барояш фидо созем.
Қайд кардан бамаврид аст, ки мақому манзалати занону модарон дар кишвари мо дар даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон беш аз пеш баланд гардида истодааст. Аз ҳамин ҷост, ки занону духтарони мо дар ҳама соҳаҳои ҳоҷагии халқи мамлакатамон дар паҳлуи мардон истода, дар пешрафт ва шукуфоии диёрамон саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат «Доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» аз 23-уми декабри соли 2022 зикр намуданд, ки минбаъд низ мақоми занон дар ҷомеаи кишварамонро баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла, қайд карданд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Дар баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем. Зан–Модар посдори забони миллӣ аст. Ин ҳақиқатест, ки кӯдакон онро аз синни хурдӣ шунида, бо ҳамин забон фозилу донишманд ва сухангӯву машҳур мегарданд. Аз ин рӯ, таъкид менамоям, ки шумо, модарон ва бонувони гиромӣ, бояд ба фасоҳату балоғати забони модарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоед, ба фарзандон дар баробари одоб ёд додан тарзи сухан гуфтан, тарзи муомила намуданро омӯзонед ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббатро ба забони модарӣ афзун намуда, забонро поку беолоиш ва софу бегазанд нигоҳдорӣ кунед», зеро беҳуда нагуфтаанд:
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст
Ҳарчи дорад ин чамоъат аз дуои модар аст!
Ончи дар васфи биҳишт фармуд қуръони карим
Соҳиби қуръон бигуфто зери пои модар аст.
Давлатшозода Азиза
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...