Ғолибияти мутахассисони Академияи ВКД дар Озмуни байналмилалӣ
Аз 15 июн то 15 октябри соли 2023 дар Академияи идоракунии ВКД Россия 5-ум Озмуни байналмилалии «Китоби илмӣ» (Научная книга) баргузор гардид. Дар озмун 139 кори илмӣ аз 57 муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ аз Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, , Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Академияи политсияи ВКД Ҷумҳурии Озорбойҷон, инчунин, аз 27 муассисаҳои таълимии системаи ВКД Россия, Донишгоҳи прокуратураи Федератсияи Россия, Академияи гумруки Россия, се муассисаи таълимии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия, Академияи Кумитаи тафтишотии Россия дар ш. Санкт-Петербург, Институти илмӣ-тадқиқотии муҳофизати зиддисӯхтори Вазорати ҳолатҳои фавқуллоддаи Россия ва ғ. пешниҳод шуда буданд. Гайр аз ин бори аввал дар Озмун асарҳои олимони Донишгоҳи федералии Қрими ба номи В.И. Вернадский, Институти проблемаҳои идоракунии ба номи В.А. Тропезникови Академияи илмҳои Россия, Маркази илмии Волгоради Академияи илмҳои Россия иштирок намуданд
Асарҳои пешниҳодшуда ба 21 номинатсия тақсим шудаанд ва ҳар як кор ду маротиба аз тақриз гузаронида шуда буд. Ғолибон аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи комиссияи экспертӣ, ки ба ҳайати он олимони варзидаи Академияи идоракунии ВКД Россия, Институти тадқиқотӣ-илмии умумироссиягии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Москва ба номи В.Я. Кикот ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандои ВКД Россия дар ш. Домодедово шомил буданд, муайян карда шуданд.
Дар қатори иштирокичиёни Озмун ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Тоҷикистон ҳам буданд ва хурсандиовар ин аст, ки дар байни 57 муассисаҳои илмӣ ва таълимии ИДМ корҳои илмӣ монографияи омоданамудаи дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Ҳайдарзода М.П дар мавзуи “Проблемы совершенствования законодательства и квалификации преступлений экстремистской направленности в Республике Таджикистан” дар номинатсияи “Амнияти миллӣ” иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардидааст.
Аз ин хотир, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, афсарону курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони Озмунро самимона табрик намуда, барои фатҳ намудани қуллаҳои нави эҷодӣ муваффақиятҳои бепоён таманно доранд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр