Иштироки курсантдухтарон дар ҳамоиш таҳти унвони «Нақши занону бонувон дар рушду инкишофи ҷомеа ва давлат»
3-юми марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши занону бонувон таҳти унвони “Нақши занону ҷавондухтарон дар рушду инкишофи ҷомеа ва давлат” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Чоршанбезода Сураҷ Сайнак - муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликзод Парвина Иноятулло - муовини раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонова Руқия Атоевна - раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва зиёда аз 300 нафар бонувон аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Ҳамчунин аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар курсантдухтарон аъзоёни фаъоли "Шӯрои ҷавонон" бо роҳбарии раиси Шӯрои ҷавонон лейтенанти калони милитсия Абдулҳаким Раҷабалиён иштирок карданд.
Иштирокчиён вобаста ба мавзӯи мазкур ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам Зан-Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад.
Иброз шуд, ки Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигараш сайёраро такон медиҳад.
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан-модар маҳбубияти хоса дошта, таъкид мекунанд, ки «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».
А.Р.Раҷабалиён, Ш.Э.Убайдуллоев