Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши устодони Академияи ВКД бо донишҷӯёни мактабҳои Олии кишвар

143

Рӯзи 23-юми феврали соли 2018, баҳри истиқболи 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Руссию Славянии Тоҷикистон бо иштироки устодону омӯзгорони Академияи ВКД, донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Руссию Славянии Тоҷикистон нишаст баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети 2 Академияи ВКД, номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., сардори Шуъбаи илми Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Тошев А.М., сармутахассиси Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Академияи ВКД подполковники милитсия Хушбахтова Б., корманди қисми навбатдории Академияи ВКД сержанти милитсия Сафаров О.Ҳ., иштирок намуданд.
Сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети 2 Академияи ВКД, номзади илми таърих, генерал-майори милитсия Имомёрбеков А., дар оғози нишасти мазкур баромад намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Академияи ВКД ба муносибати 25-умин солгарди Артиши миллии кишвар табрик намуда, маълумоти мухтасар доир ба таъсис ва ташаккули Артиши миллӣ дар давоми 25 сол дод.

144
Қайд гардид, ки нишасти мазкур баҳри амалӣ намудани ишораҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханрониҳояшон бахшида ба ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳамкории таълимию илмӣ миёни Донишгоҳҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд гардидани сифати таълим ва донишомӯзӣ таъкид карда буданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар вақтҳои охир миёни Академия ва дигар Донишкадаҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои зич дар самти таълим ва илм ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни ҷамъомади мазкур сардори Шуъбаи илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Тошев А.М. баромад намуда, фикру андешаҳои хеш ва нақшаҳои ояндаи ҳамкориро дар ҷодаи ташаккулёбии илм ибрози ақида намуд.

145
Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои баррасишуда устоди Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонномзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Хайруллоев Ф, устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Қурбонов Ҳ., устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Руссию (Славянии) Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Умедов Қ, донишҷуёни Донишгоҳи Руссию (Славянии) Тоҷикистон Мирзоалиева У, Бегамадов А, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов А.И, баромад намуда, фикру андешаҳои хешро баён намуда, зикр карданд, ки чунин чорабиниҳо хело ҳам бомавриду заруранд ва ба роҳбарияти Академия, ҳайати устодону омӯзгорони он баҳри мустаҳкам намудани ҳамкориҳо изҳори ташаккур карданд.

146

Сипас, масъулини факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Руссию (Славянии) Тоҷикистон барои чунин ҳамкориҳо ва қадрдонӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри боз ҳам ривоҷ додани чунин ҷараёни фаъолият фикру таклифҳои ҷолиби таваҷҷуҳ пешниҳод намуданд.
Дар охири ҷамъомад барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ-методӣ, методӣ-таълимӣ бо фармони Академияи ВКД 35 нафар курсантону донишҷӯён ва омӯзгорон бо Ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардиданд.

Нуриддинзода С.Н.
муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти
маъмурии факултети №2,
майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...