Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар партави Паёми Пешвои миллат
Муҳимтарин бахше, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 23-юми декабри соли 2022 зикр гардид, самти рушди соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Албатта, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, алалхусус, соҳаи илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оваранд, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф ва илм вобастагӣ доранд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Бо ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатхо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, № 438 қабул гардидааст, заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад, ки мақсаду вазифа ва самтҳои татбиқи онро дар раванди таълиму тарбия, кафолати давлатӣ ба таълимгирандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илмӣ, таъминоти кадрӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявии Барномаро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ фаро мегирад.Вазъи имрӯзаи муносибат ба забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забони англисӣ дар низоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, ки муносибати сиёсӣ ба забон, дар баробари забони тоҷикӣ ба дигар забонҳо низ ҳуқуқи фаъолияти баробарӣ фароҳам меорад ва имкон медиҳад, ки онҳо низ омӯхта шаванд.Дар муассиса оид ба амалисозии Барномаи мазкур дар Академияи ВКД нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, ҳар як банди нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор дорад.
Бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ, беҳтар намудани таълиму омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо дар муассиса синфхонаи омӯзиши забони англисӣ ва синфхона барои омӯзиши забони русӣ ташкил карда шудаанд. Синфхонаҳо бо аёниятҳои замонавӣ оро дода, аз ҷониби омӯзгорон низ ҳар гуна аёниятҳои дастии худсохт барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълим аз фанни забони англисӣ ва русӣ омода карда шудааст. Ҳангоми гузаронидани дарсҳо бо мақсади ҷалби бештари курсантон ба омӯзиши ин фанҳо омӯзгорон вобаста ба мавзӯи дарс аз тахтаи электронӣ, дастгоҳи линогфонӣ, видеопроекторҳо, видеороликҳо ва ҳар гуна маводҳои дидактикӣ истифода менамоянд.
Дар кафедраи “Забонҳо»-и Академия аввали соли хониш ҷадвали баргузории дарсҳо ва маҳфилҳои фаннӣ тартиб дода шуда, аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда шудааст. Аз ҳисоби курсантони фаъол гурӯҳи тарғиботӣ созмон дода шуда, дар радио ва студияи телевизонии Академия бо маърӯзаҳо баромад менамоянд. Мақсад аз баргузории дарсҳо ва маҳфилҳои фаннӣ мукаммал ва мавриди истифода қарор додани методҳои пешқадами раванди таълиму тарбияи курсантон, таҳлили самаранокии усулҳои таълим ва назорати сифати таълим мебошад.
«Таҳсил дар Академия аз рӯи барномаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касбӣ дар шакли таҳсили рӯзона ва ғойибона вобаста ба ихтисосҳои пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.Барои гирифтани таҳсилоти олӣ Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Вобаста ба ихтисосҳо бо дарназардошти хусусияти хосси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ, Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳо (самтҳо) аз ҷониби Академия дар мувофиқа бо муассис таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.Забони асосии таҳсил дар Академия забони давлатӣ мебошад. Таҳсил бо дигар забонҳо дар сурати ташкили гурӯҳҳои дорои теъдоди зарурии таҳсилгирандагон ва фароҳам овардани шароит оид ба фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад»[3].Гурӯҳҳои забони таҳсили русӣ ҷудо карда шуда мақсад аст, ки дар оянда бо расидани мутахассисони донандаи забони англисӣ гурӯҳҳои таълими англисӣ низ созмон дода шаванд.
Дар ин замина, таъкид карда шуд, ки “...мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид намуданд, ки “...фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Мусаллам аст, ки маҳз тавассути рушди илм, маориф ва фарҳанг кишварҳо метавонанд дар муқобили ҳама гуна зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа истодагарӣ намоянд.
Бо ин мақсад, масъалаи таҳлили муфассали вазъи инфросохтори соҳаи маориф ва илми кишвар дар Паём баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Зикр карда шуд, ки дар ин давра 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда ва дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.
Ҳолати мазкур бо 70 соли даврони Шӯравӣ қиёс карда шуда, қайд карда шуд ки дар замони шуравӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Аммо масъалаи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ҳоло ҳам басанда набуда ҳисобида шуд.
Таҳлили дигаре, ки дар Паём сурат гирифт, фарогирии теъдоди муҳассилини ҳама зинаҳои таҳсилот дар 31 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст».
Вобаста ба маблағгузории соҳа низ дар Паём таъкид гардид, ки «…соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад».
«Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод» иброз доштанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.
Вобаста ба ин бояд тазаккур дод, ки донистани забонҳои хориҷӣ муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиш ва такмили он дар асоси Барномаҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Зиёратшозода М.З., профессори кафедраи забонҳои факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия