Чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи Модар
6-уми марти соли 2023 дар толори фарҳангии Академияи ВКД бо ибтикори муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Шарифзода М.С. ва шуъбаи кадрҳои Академия чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Cуруди миллӣ оғоз гардид.
Дар чорабинӣ cардори Академияи ВКД, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо маърӯзаи ифтитоҳӣ ва сухани табрикӣ баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд: «Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи Зан-Модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Зан-Модар тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамалакат соли 1999 Консепсияи «Ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро тасдиқ намуд. Аз сентябри соли 1998 «Нақшаи миллии баланд бардоштани мақоми зан» ва «Барномаи давлатии таъмини баробарҳуқуқии занон ва мардон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тадбирҳои муассир андешида шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ИДМ ягона кишваре мебошад, ки Консепсияи байналмилалии ҳуқуқҳои сиёсии занонро тасдиқ намудааст.
3-юми декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ин фармон имконият фароҳам овард, ки нақши занон дар идоракунии мақомоти давлатӣ сол то сол афзоиш ёбад. «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд“ дар ҷумҳурӣ амал менамояд. Иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондодҳои миёнаи ҷаҳонӣ мувофиқ мебошанд, ки чунин вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кам ба назар мерасад. Боиси ифтихор аст, ки дар ВКД ва Академия теъдоди зиёди занону бонувон фаъолона хизмат менамоянд. Шурӯъ аз 5-марти соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии занон ба Рӯзи Модар иваз гардид, ки ин аз арҷгузории Пешвои миллат нисбати Зан-Модар дар ҷомеа маҳсуб меёбад».
Сардори Академия ба муносибати Рӯзи Модар тамоми бонувон, курсантдухтарон ва занони Академияро самимона табрику таҳният намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишнок ҳадя намуд. Занону бонувони фаъол бо мукофотҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва Академия сарфароз гардонида шуданд. Дар фарҷоми чорабинии бошукӯҳ консерти идонаи корманд-ҳаваскорони санъати Академия ва устодони санъат бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд.
Иди Рӯзи Модар муборак, бонувон, курсандухтарон ва занони гиромиқадри Академияи ВКД!
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.