Озмуни “Иншои беҳтарин” дар байни занон-кормандони мақомоти корҳои дохилӣ
2-юми марти соли 2023, тибқи банди 8-и Нақша-чорабиниҳои Ассотсиатсияи Шӯрои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 дар байни 18 нафар занон - кормандони ВКД ва ҷузъу томҳои он озмуни “Иншои беҳтарин” (ЭССЕ) дар мавзӯи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили сулҳу ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Занон-кормандони ВКД ва ҷузъу томҳои он, ки дар соли сипаригашта фаъолияти хуб ва натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти корӣ нишон дода буданд, ба озмуни зикгардида роҳ ёфтанд. Аз натиҷаи озмун маълум гардид, ки имрӯз, занон - кормандони ВКД ва ҷузъу томҳои он дар баробари донишу малакаи баланди касбӣ, инчунин, дорои ифтихори баланди ватанпарастию хештаншиносӣ буда, соҳибмаърифат мебошанд. Аксарияти иштирокчиёни озмун бар он ақидаанд, ки субот ва ваҳдати саросарии кишварро аз ҳар чизи дигар муқаддастар дониста ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ қарор дода, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳмгузор бошанд, бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонӣ тамоми нерую ғайрат ва кӯшишу заҳмати хешро барои ҳифз, нигаҳдошт ва таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, ваҳдату манфиатҳои миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон равона намоянд.
Ҳастии хешро ба он равона хоҳанд кард, то кохи истиқлоли давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову муҳташам ва устувору бегазанд бошад.
Ассотсиатсияи Шӯрои занони ВКД