Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъзе андешаҳо перомуни ҳисоботдиҳии кормандони милитсия дар назди ҷомеа

67528-уми феврали соли 2023 дар асоси нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ ва мавзӯи илмии кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷамъияти илмии курсантон бо номи “Ҳомии тартибот” бо ташаббуси роҳбари ҷамъияти илмии курсантон, майори милитсия Урфонзода Д.С., мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҳисоботдиҳии милитсия дар назди ҷомеа. Проблеммаҳои асосии ҷойдошта оид ба амалигардонии талаботҳои ҳисоботдиҳӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Мизи мудавварро сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, н.и.ҳ, Вализода Н.Д., ҳусни оғоз бахшида иштироки курсантонро дар чунин маҳфилҳои илмӣ-тадқиқотӣ амри зарурӣ номида, ба курсантоне, ки дар ин маҳфил иштирок доштанд, тавсия дод, ки дар рафти мизи мудаввар фаъол бошанд. Ҳамчунин дар баромади хеш қайд кард, ки ҳисоботдиҳӣ яке аз принсип ва шаклҳои фаъолияти маъмурии милитсия ба ҳисоб рафта, боварии мақомоти корҳои дохилиро дар назди ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар мегардонад.
Баъдан намояндаи шуъбаи илми Академияи ВКД, н.и.ҳ, полковники милитсия Абдурашидзода А., вобаста ба муҳимияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии курсантон суханронӣ карда ҳисоботдиҳии милитсияро дар назди ҷомеа як иқдоми хуб баҳри пешравии фаъолияти кормандони милитсия номид.

676 Дар мизи мудаввар омӯзгорон ва курсантон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Муаллими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, майори милитсия Муҳаббатшозода Г.М. дар мавзӯи: “Ҳисоботдиҳӣ яке аз принсипҳои дар амал татбиқ намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа”, муалими кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, лейтенанти милитсия Раҳимзода А.Р., дар мавзӯи “Моҳияти маърӯзаи нозири минтақавии милитсия оид ба ҳисоботдиҳӣ”, Атоев А., курсанти курси 4-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ дар мавзӯи “Талаботҳо оид ба ҳисоботи нозири минтақавии милитсия”; Шайхуддинов Х., курсанти курси 4-уми факултети №2 милитсияи қаторӣ дар мавзӯи “Масъалаҳое, ки дар ҳисоботи нозири минтақавии милитсия матраҳ карда мешавад” баромад намуда ба ҳозирин вобаста ба ҳисоботдиҳии милитсия дар назди ҷомеа ва проблемаҳои асосии ҷойдошта оид ба амалигардонии талаботи ҳисоботдиҳӣ маълумоти муфассал доданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар муовини сардори факултети №2, н.и.ҳ, полковники милитсия Шарифзода С.Ш. суханронӣ намуда оид ба проблемаҳои асосии ҷойдошта оид ба амалигардонии талаботи ҳисоботдиҳӣ ибрози ақида намуда ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона дар ин маҳфил миннатдорӣ баён намуда, ба курсантон дар корҳои илмӣ-тадқиқотии ояндаашон барору комёбӣ орзу намуд.
Урфонзода Д.С., роҳбари маҳфили илмии «Ҳомии тартибот», майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...