Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Спартакиадаи варзишӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

670

Тибқи нақшаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 18-22-юми феврали соли 2023 аз ҷониби кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Академияи ВКД, ки роҳбарии онро довари дараҷаи байналмилалӣ, подполковники милитсия Латиф Муҳиб Лоҷварбек ба уҳда дорад, як қатор чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гаардид.

671
Мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ байни Муассисаҳои таълимии низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, аз намудҳои варзиши "Волейбол, футболи хурд, шоҳмот, шашка, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани таппончаи Макаров ва автомати Калашников» доир гардид.

674
Дар ин чорабинӣ дастаи Мактаби олии КДАМ бо гиифтани 1 медали тилло ва як медали биринҷӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид, Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ бо гирифтани 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 4 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.

673672
Маросими кушодашавӣ рӯзи 20-уми феврал бо иштироки мушовири Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҷураев Ориф Олтинович, намояндаи Пойгоҳи низомии 201-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои олии низомии кишвар сурат гирифт.
Дар маросими ҷамъбастӣ аз ҷониби муовинони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. ва Шарифзода М.С., ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии мазкур бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ дар маросими тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.
Убайдуллоев Ш.Э.
Нурализода А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...