Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории байналмилалӣ дар самти таълим

668

Дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи иҷрои бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 26 апрели соли 2018 байни Академияи ВКД ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Барнаул ба имзо расидааст, инчунин тибқи Барномаи кории мақсаднок, 1-уми марти соли 2023 дарс дар шакли маҷозӣ барои курсантони факултети № 2 Академияи ВКД дар мавзӯи «Хусусиятҳои умумии низоъ ва хусусиятҳои механизми пайдоиши он дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ. Хусусиятҳои психологии низоъ» (Общая характеристика конфликта и особенности механизма его возникновения в деятельности ОВД. Психологические особенности конфликтов) баргузор гардид.

669

Лектори он сардори кафедраи психология ва педагогика дар мақомоти корҳои дохилии Донишкадаи мазкур, номзади илмҳои таърих, дотсент, полковники политсия Курсакова Елена Николаевна буд. Лексия дар сатҳи баланд гузашт ва курсантон маълумоти наву шавқовар аз худ намуданд.
Дар охири лексия иштирокчиён ҳамкории пурсамар ва натиҷабахшро дар оянда таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу-нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...