Родмардони Ватан
Рӯзи 23-юми феврали соли 2018, дар Академияи ВКД бо иштироки роҳбарият, ҳайти шахсӣ ва меҳмонон бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи иштирокдоронро бо ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки Артиши миллӣ бо ташаббуси созандаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25-сол муқаддам таъсис дода шуд, ки солҳои истиқлолият ба як нерӯи пурқувват табдил ёфта, аз лиҳози техникию моддӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Кормандони мақомоти корҳои дохилиро мебояд баҳри сулҳу осоиштагӣ, тинҷиву оромӣ ва дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ҳамчун фарзандони сарсупурдаи миллат дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ омӯзгорону курсантони Академияи ВКД аз дастовардҳои Артиши миллӣ ёдовар гардида, саҳми босазои Пешвои миллатро дар роҳи ба даст овардани сулҳу осоиштагӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Дар идомаи ҷамъомади мазкур аз ҷониби сардори Академия як қатор афсарон, ки дар фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Қобили қайд аст, ки ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи ВКД, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва идона доир гардида, он бори дигар аз дӯстию рафоқати афсарону курсантон, сулҳу суботи комили кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармодеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарманди шинохта ва маҳбуб Ҷамшед Исмоилов, ҳамчунин ҳунармандони ҷавон Пайрав Аюбӣ, Муслима Қодирова доир гардид, ки хотири ҳамагон бо шунидани суруду таронаҳои дилошӯб шод гардид.
Чорабинӣ бо расми гузашти низомӣ ва оростани дастархони идона анҷом пазируфт.
Шукурова Р., Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.