Унвони доктори илм муборак!
25 феврали соли 2023 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҳузури аъзоёни Шӯро, аз қабили Вазири корҳои дохилӣ д.и.ҳ., профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ҳимояи рисолаи доктории муовини сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. дар мавзӯи «Учение об уголовном преследовании в уголовном судопроизводстве Республики Таджикистан» аз рӯи ихтисоси 12.00.09. «Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ» таҳти мушовирони илмӣ - Ходими шоистаи илми Федератсияи Россия, д.и.ҳ., профессор В.А. Михайлов ва профессори Академияи идоракунии Федератсияи Россия, Ходими шоистаи илми Россия, д.и.ҳ., профессор, генерал-майори адлия (мустаъфӣ) Б.Я. Гаврилов дар шакли омехта баргузор гардид.
Дар бораи мубрамияти мавзӯи рисолаи докторӣ Вазири корҳои дохилӣ д.и.ҳ., профессор Р.Ҳ. Раҳимзода баромад намуда, қайд кард, ки ба даст овардани илму донишу маҳорат ба осонӣ муяссар намегардад ва шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ гарчанде душвор ҳам бошад, бо тамоми норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд мекӯшад, то олим гардад, шахси донишманд ва соҳибобрӯст. Роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД умедвор мебошанд, ки олимони ҷавон рисолаҳои номзадию докторӣ, корҳои илмию таҳқиқотии худро пешниҳод намуда, барои пешрафти илми ҳуқуқшиносии кишвар ва васеъгардонии фазои илмию эҷодии Тоҷикистон саҳми арзишмандӣ худро мегузоранд.
Инчунин, оппонентҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ аз дохили ҷумҳурӣ ва давлатҳо-аъзои ИДМ баромад намуда, ба кори доктории муовини сардори Академия н.и.ҳ., дотсент Раҳмадҷонзода Р.Р. баҳои баланди илмӣ доданд.
Доир ба мавзуи рисолаи докторӣ муаллиф теъдоди зиёди монография ва мақолаҳои илмӣ нашр намуда, ба ҳамаи саволҳои аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ посухи мусбӣ дод. Кулли аъзоёни Шӯрои диссертатсионӣ ба ҷонибдории ноил гаштани Раҳмадҷонзода Р.Р. ба унвони илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ овоз доданд.
Ҳимояи рисолаи докторӣ дар сатхи баланди илмӣ-методӣ баргузор гардида, аз комёбиҳои илмии Раҳмадҷонзода Р.Р. дар дохили ҷумҳурӣ ва давлатҳои аъзои ИДМ дарак дод.
Роҳбарияти ВКД ва Академияи ВКД Раҳмадҷонзода Р.Р.- ро бо ин дастоварди бузурги илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои нави илмӣ-эҷодиро орзуманд аст.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва шуъбаи адъюнктура