Ватанро бинозам маро дар канор…
23-юми феврали соли 2023 бо ибтикори Гимназияи хусусии «Шахсият» воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он корманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академия, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ. ва курсантони курси 4, милитсияҳои қаторӣ Холиқов Б. ва Мусоева Ф. иштирок намуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо қироати Суруди миллӣ оғоз гардид. Сухани ифтитоҳиро директори гимназия, муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷонова М.М. оғоз намуда, оид ба саҳми назарраси Артиши миллии кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ сухан ронд. Тавре зикр гардид, Пешвои муаззами миллат дар ҷашни солгарди Артиши миллии кишвар бо ифтихор гуфта буданд: «Ҳарчанд ки Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд». Аз ин хотир мо бо ифтихор мегӯем, ки Артиши миллӣ кафили амнияти Тоҷикистон аст ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия менамоем.
Толори гимназия идона оро дода шуда буд, ки таҷассумгари қаҳрамонию далерии фарзандони содиқи Ватанро дар он дидан мумкин буд. Аз расму нигораҳои кашидашудаи хонандагони гимназия ифтихори ватандӯстию мардонагӣ мушоҳида мегардид. Тамоми хонандагони гимназия либоси ҳарбӣ ба бар намуда буданд, ки ҳисси шодию ифтихорро дар руҳияи хурдсолон таҷассум мекард.
Дар рафти чорабиниҳои фарҳангӣ ҳар як синф бо роҳбарии омӯзгори худ нақшҳои афсарону сарбозонро мебозиданд, ки хеле табиӣ ва самимӣ намудор мегардид. Қироати шеъру таронаҳои мазмуни ватандӯстонадошта ба рафти маҳфил ҳусни хоса бахшид.
Дар хотимаи чорабинӣ хонандагони гимназия бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон расмҳои хотиравӣ гирифтанд. Ҷамъомад хеле ҷолиб ва пурмазмун гузашт.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия