Равандҳои геополитикии Тоҷикистон дар шароити муосир
Асламов Б.С., Ташрифзода Ф.Қ. Равандҳои геополитикии Тоҷикистон дар шароити муосир (дастури таълимӣ - методӣ). - Душанбе: Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2023 - 43с.
Муқарризон: Аламов Ҳ.М. - номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи ДДОТ ба номи С.Айнӣ; Бедилзода Ҳ.К. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ; Муҳаммад С.А. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Муҳаррири масъул: Қосимов Ф.М. - н.и.ҳ., сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.
Дастури мазкур назария ва амалияи равандҳои геополитикии Тоҷикистонро дар шароити муосир дар бар мегирад. Дастур барои аз худ намудани равандҳои геополитикии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ мусоидат намуда, барои омӯзиш ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҷаҳонбинии курсантон, шунавандагон, унвонҷӯён, адъюнктон, омӯзгорон ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ судманд хоҳад буд.
Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон