Хушхабар
15-уми феврали соли 2023 тибқи Фармони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳти №260/нк «Оид ба додани дипломҳои доктори илм», сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия ШАРИФЗОДА ФАЙЗАЛӢ РАҲМОНАЛӢ сазовори дипломи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Вобаста ба ин, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Шумо баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.