Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси заминагузории фанни фаъолияти оперативӣ-чустуҷӯии Вазири корҳои дохилӣ бо шунавандагони Курсҳои такмили ихтисос

132

Дар толори хурди маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Солиев К.Ҳ., шунвандагони Курсҳои такмили ихтисос аз Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар дараҷаи баланди академӣ машғулият баргузор гардид.

133

Вазири корҳои дохилӣ нахуст аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ҳарф гуфта иброз намуд, ки бо бузургии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо лаҳзаҳои душворро аз сар гузаронида сулҳу суботро дар қаламрави кишвар таъмин сохтем, вале гурӯҳҳои муташаккили ҷиноят корӣ, ки ба қочоқи маводи мухаддир сару кор доранд, албатта ба бехатарии давлату ҷомеа зиёни зиёд меоранд, аз лиҳози дигарон манбаи содир шудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ мегарданд. Вазорати корҳои дохилӣ аз аввали солҳои истиқлолият яке аз ташаббускорони такмили қонунгузорӣ дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад, ки ин таҷрибаи моро дигар давлатҳои ИДМ васеъ истифода мебаранд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки бо қалами Вазири корҳои дохилӣ, садҳо китобу монография, дастурҳо, мақолаҳо, тавсияҳо, пешниҳодҳо дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, Стратегияи муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар давлатҳои ИДМ ва тадбирҳои муқовимат бар зидди он ба нашр расидаанд, ки олимони муътабари давлатҳои ИДМ, аъзоёни Акдемияи илмҳои умуми ҷаҳонии амнияти коллективӣ ба он баҳои баланд дода, ин заҳматҳои илмӣ ба системаи ягонаи илми ҷаҳонӣ ворид гардидаанд. Мунтазам маҷаллаи илмии «Наркофронт» дар ВКД ба нашр мерасад, ки мақолаҳои чолиби диққат дар он чоп мешаванд. Омӯзгорони Академия низ бояд дар ин самт фаъол бошанд.
Шунавандагони Курсҳои такмили ихтисос вазифадоранд, ки аз нашрияҳои илмӣ самаранок истифода бурда, донишу маҳорати оперативии худро сайқал диҳанд. Маҳз бо ҳамин мақсад Курсҳои такмили ихтисос дар заминаи Академияи ВКД баргузор мегарданд.

134

Минбаъд ба Курсҳои такмили ихтисос кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар макомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷалб карда мешаванд, ки дар мубориза ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кори худро боз ҳам ҳамоҳанг созанд.
Дар охири дарс саволу ҷавоб баргузор гардид, ки шунавандагони Курсҳои такмили ихтисос дониши хуби назариявӣ нишон дода, ба Вазири корҳои дохилӣ барои ташкили чунин курсҳои муфид изҳори миннат дорӣ намуданд.
Дарс дар дараҷаи баланди касбӣ ва академӣ баргузор гардида, паҳлӯҳои проблемавии фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро дар бар гирифт, ки аз он шунавандагони Курсҳои такмили ихтисос ва омӯзгорони Академия ғизои бойи маънавӣ гирифтанд.
Асламов Б,С.,Сафаров О.Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...