Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақш ва мақоми занони Тоҷикистон дар ҷомеаи имрӯза

653Вақте сухан дар бораи истиқлол меравад, пеши рӯ эҳсоси баланди худшиносӣ, соҳибватанӣ меояд. Истиқлол беҳтарин дастоварди таърихӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии хеш имконият пайдо намуд бисёр корҳои барои ояндаи миллат фоидаоварро роҳандозӣ намояд. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлол занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қӯшунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти Ватану осудагии миллат расонида истодааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлол вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ гардида истодаанд.

654Мақсад аз кабули ин санадхо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон мебошад. Масалан дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки мардон ва занон баробарҳуқуқанд. Имрӯзҳо дар ҷомеа соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки дар он зан-модари тоҷик кору фаъолият накунад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали истиқлол ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд. Аз ҷумла:
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» аз 19 июли соли 2022, №1890;
– Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030);
– Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, №391 тасдиқ гардидааст;
– Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030);
–Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ шудааст;
– Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, №5.

656Лозим ба зикр аст, ки қонунгузорӣ дар бораи баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон танҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло ишорагардида маҳдуд намегардад. Дар баробари ин ва дар асоси қонунҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон санадҳои сершумори зерқонунӣ ва барномаҳову нақшаи чорабиниҳои зиёд қабул гардиданд, ки барои таъмин ва ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои занон, ки дар Конститутсия, дигар қонунҳои мамлакат, инчунин аз уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бармеоянд, нигаронида шудаанд.

Дар ҳошияи гуфтаҳои боло ҳамин нуқтаро қайд карданиям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа гуфта мегузаранд. Соли ҷорӣ низ истисно нест ва Сарвари давлат чунин қайд карданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.
Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзӣ ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд.
Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.
Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.
Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.
Ҷомеае, ки дар он зани донишманду бомаърифат зиндагӣ ва кору фаъолият мекунад аз он ҷо ҳатман ҷавонону наврасони соҳибмаърифат ба камол мерасанд, чунки маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ расонда, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд.

655Маҳз ҳамин таҷрибаҳоро омӯхта, дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати зан таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Ба ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои ҳарсолаашон ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа диққати ҳамагонро ҷалб месозанд. Зеро занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаи мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Аммо дар замони ҳозира талабот ва фаъолияти занон дар корҳои давлатӣ бештар аст. Зиёдтар ҷалб кардани бонувон ба кор дар муассисаҳои тиббӣ, давлатӣ ва хидмати давлатӣ, соҳибкорӣ пурманфиат арзёбӣ мешавад.
Ба ҳамин хотир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард.
Баланд гардидани мақоми зан дар чомеа барои пешрафти сиёсат нақши муҳим гузошт. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем симои зани тоҷик ҳамчун фарҳангпарвару сиёсатмадор ва илмдӯсту хирадманду кордон тасвир ёфтааст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик буд, ки имрӯз зан-модари тоҷик олиму омӯзгор, ҳунарманду соҳибкор, варзишгару рӯзноманигор буда қариб, ки дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки хуби занон дида мешавад.
Иқдоми дигар дар ҷодаи арҷгузори ба мақому манзалати Зан-Модар таҷлили Рӯзи модар аст, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва идомаи анъанаҳои ниёгон бо асолат ва муҳтавои азалиаш ҷашн гирифта мешавад.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Хуллас ин, ки барои ояндаи дурахшони давлату миллат, оилаву тарбияи насли наврас ва ободии диёр зани тоҷик ҳамеша омодааст, саҳми худро гузорад.
Қурбонова М.А., омӯзгори кафедраи ТТФОҶ факултети №6, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...