Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

635Мувофиқи моддаи 27 Конститутсия ва моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд. Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизмати давлатӣ (хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ) -фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст. Хизматчии давлатӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст. Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷой ва нақши мақоми давлатӣ дар низоми мақомоти давлатӣ, амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат, татбиқи салоҳияти мақомоти давлатӣ, хусусияти ваколати мансабҳои мушаххас ва аҳамияти онҳо дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ тақсим мешаванд. Хизматчии давлатии сиёсӣ – хизматчии давлатӣ, ки фаъолияти ӯ ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад. Хизматчии давлатии маъмурӣ – хизматчии давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амали намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст. Таснифи хизматчиёни давлатӣ ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ки он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Мувофиқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ ташкил медиҳанд. Барои хизматчиёни давлатии сиёсӣ категорияи мансабҳои давлатӣ муқаррар карда намешавад. Барои хизматчиёни давлатии маъмурӣ категорияи мансабҳои давлатии зерин муқаррар карда мешавад: категорияи олӣ; категорияи якум; категорияи дуюм; категорияи сеюм; категорияи чорум; категорияи панҷум; категорияи шашум; категорияи ҳафтум. Ба категорияҳо мансуб донистани мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Ба низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд: 1) Хизмати давлатии шаҳрвандӣ, ҳамчун фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ аз хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат мебошад ва тибқи қонун ба амал бароварда мешавад. 2) Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ба таъмини қонуният, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ нигаронида мешавад. 3) Хизмати давлатии ҳарбӣ, фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансабҳои давлатии хизмати давлатии мақомот ва ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ буда, ба таъмини мудофиа ва амнияти давлат нигаронида мешавад.
Самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мақсаду вазифаҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти муассисаи хизмати давлатӣ, таъмини кори самарабахши ҳамаи мақомоти давлатӣ мувофиқи салоҳияти онҳо муайян менамояд. Хизмати давлатӣ ҳамчун институти мустақили ҳуқуқи маъмурӣ ин маҷмӯи меъёрҳое мебошанд, ки онҳо муносибатҳои ҷамъиятии сиёсию ҳуқуқиро танзим менамоянд. Аҳамияти хизмати давлатӣ ҳам дар он ифода мегардад, ки вазифа ва функцияҳои давлат дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ амалӣ карда мешавад. Мутобиқи моддаи 7 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизмати давлатӣ ба принципҳои зерин асос меёбад: волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ; садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон; инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ; хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ; ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд; шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро ташкил медиҳад; касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ; ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ; ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ; устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ; баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ; баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ. Хизмати давлатӣ инчунин ба дигар принсипҳо, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надоранд, асос ёфта метавонад. Ба хизмати давлатии сиёсӣ қабул шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба хизмати давлатии маъмурӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидаанд, ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, метавонанд қабул шаванд.
Мувофиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» хизмати давлатӣ ғайр аз асосҳои пешбиникардаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавридҳои зерин қатъ мегардад: истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ; расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ (барои занон 58 ва барои мардон 63); қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; нисбати хизматчии давлатӣ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он; риоя накардани маҳдудиятҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст; ҳолатҳои дигаре, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Аз мансаби давлатӣ озод намудани хизматчии давлатӣ аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ таъин ва озод карданро дорад, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар сурати норизо будани хизматчии давлатӣ аз озод намуданаш аз мансаби давлатӣ ӯ ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.
Ба ғайр аз ҳуқуқу вазифа ва уҳдадориҳо қонун барои хизматчиёни давлатӣ як қатор маҳдудиятҳоро муқаррар кардааст, хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад: бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд; ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода барад; дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд; дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
Шакл ва усулҳои маъмури ҳуқуқии амалисозии ҳокимияти иҷроия Шаклҳои маъмурии ҳуқуқи гуфта ифодаи берунии зоҳиршавии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдори онҳоро дар идоракунии давлатӣ меноманд, ки барои амалисозии вазифа, салоҳият, ва ваколат ҳокимияти иҷроия равона карда шудааст. Шакли маъмури ҳуқуқи ифодаи объективии меъёрҳои ҳуқуқӣ барои амалисози намудани ҳокимияти иҷроия дар доираи идоракунии давлати мебошад. Шаклҳои маъмури ҳуқуқи ба ду намуд тақсим карда мешаванд: 1) шакли ҳуқуқӣ 2) шакли ғайриҳуқуқӣ
Шакли ҳуқуқӣ гуфта шакле фаҳмида мешаванд, ки дар натиҷаи содири фаъолияти идоракуни оқибатҳои ҳуқуқиро ба миён меорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ шаклҳои ҳуқуқиро ба 3 намуд тақсимбанди мекунанд.
1) Ҳуқуқэҷодкунӣ – ин муайянкунии қоидаҳои рафтор чун шакли маъмури ҳуқуқие, ки дар доираи он меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда мешаванд.
2) Ҳуқуқтадбиқкунӣ- ин механизми мураккаби идоракунии давлати мебошад, ки ҷараёни идоркунии давлати ба он нигаронида шудааст.
3) Манъкунӣ тавассути фаъолияти дахлдор бо қабули санади идоракунӣ, рафтор, амал ва фаъолиятеро манъ мекунад.
Шакли ғайриҳуқуқӣ – ин фаъолияти ташкилӣ мебошад, ки тавассути он фаъолияти иҷрокунандагӣ таъмин карда мешавад. (мисол: таъмин бо воситаҳои техникӣ ҳисоботҳо додан ва ғ). Шакли ғайриҳуқуқӣ фаъолияти дохилиташкилии мақомот мебошад.
Санади идоракунӣ – ин шакли ифодаёбии иродаи мақомоти иҷроия ва шахсони мансабдори онҳо дар идоракунии давлатӣ мебошад, ки хусусияти яктарафа дошта барои ба вуҷуд овардан, тағйир додан ва қатъ гардонидани муносибатҳои идоракунӣ равона карда шуда ҳадафи амалисозии ҳокимияти иҷроияро доро мебошад. Санадҳои идоракунӣ дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:
1) шакли асосии амалисозии ҳокимияти иҷроия мебошад;
2) тарзи ҳуқуқии ҳаллуфасли масъалаҳои идори мебошад;
3) шакли ифодаёбии иродаи мақомоти давлати доир ба амалисозии ваколатҳои онҳо мебошад;
4) санади ҳуқуқии идоракуни хислати зерқонуни доранд;
5) дар низоми санадҳои ҳуқуқӣ ҷои хоси иерархиро доро мебошанд;
6) шакли махсуси ҳуҷҷати хидматӣ мебошанд;
7) бо риоя намудани қоидаҳои махсус (расмиёти маъмурӣ) қабул, тағйир ва бекор карда мешаванд;
8) санадҳои маъмурӣ санадҳои дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ (мисол: қарори Маҷлиси Олӣ, қарори суд) - ро бекор ё тағйир дода наметавонанд.
Аҳамияти санадҳои идоракунӣ дар инҳо ифода меёбад, ки санадҳои идоракунӣ воситаи на танҳо амалисозии ҳокимияти иҷроия ва идоракунии давлатӣ балки воситаи муқаррар намудани низоми идоракуни, тартиби идоракуни, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, муқаррар намудани самтҳои асосии фаъолияти давлат дар дохил ва хориҷи кишвар эъмор ва таҳкими давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Санадҳои идоракунӣ аз рӯи табиати ҳуқуқиашон ба 2 гурӯҳ тасниф карда мешаванд: а) санадҳои меъёрӣ; б) санадҳои инфиродӣ;
Амали санадҳои ҳуқуқии идоракунӣ ин эътибори ҳуқуқии онро меноманд. Эътибори ҳуқуқии санади идоракунӣ гуфта ба кӣ, кадом мақомот ва минтақа (маҳал) ё доира паҳн шудани эътиборнокии онро меноманд. Чун қоида мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқи санадҳо аз вақти бақайдгирии санадҳои меъёрӣ дар вазорати адлия эътибор пайдо мекунанд. Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.05.1996 дар бораи тасдиқ намудани низомнома дар бораи таҳияномаи нашркуни ва эътибор пайдо кардани Фармонҳои Президент аз лаҳзаи ба имзорасии фармонҳо эътибор пайдо мекунад. Қарори Ҳукумат аз рӯзи қабулшавӣ эътибор пайдо мекунанд, агар дар худи санад тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Тартиби боздори бо риояи қоидаҳои иерархи дар идоракуни ба роҳ монда мешавад.
Усулҳои маъмури ҳуқуқӣ. Дар баробари шаклҳои маъмури ҳуқуқӣ дар ҷараёни татбиқ ва амалисозии ҳокимияти иҷроия усулҳои идоракунӣ нақши ҳалкунанда доранд. Ҷараёни идоракунӣ интиҳои худро дар мақсаднок равонакунии таъсири субъект ба обекти идоракунӣ меёбад.
Усули идоракунӣ ин роҳ ва тарзи таъсиррасонии бевоситаи мақомоти ҳокимияти иҷроия ва шахсони мансабдори он ба обекти идорашаванда дар идоракунии давлатӣ фаҳмида мешавад.
Барои усулҳои идоракунӣ чунин хусусиятҳо хосанд:
1) Онҳо дар ҷараёни идоракунии давлатӣ амалӣ мешавад, ки ба самти фаъолияти мақомоти иҷроия алоқаманданд.
2) Онҳо аз ҷониби субектони ҳокимияти иҷроия ба сифати омили амалисози фаъолияташон истифода мешаванд, ки аз ваколати онҳо бармеояд.
3) Усулҳои идоракунӣ дар шакли ҳуқуқӣ ифода меёбанд, ки ба онҳо характери ҳатмигиро медиҳад.
4) Усулҳои идоракунӣ ифодаи худро дар санадҳои меъёрии идоракунӣ меёбанд.
Усулҳои маъмури ҳуқуқӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
1) аз рӯи истифода ваколатҳои ҳокимияти ба усули боваркунонӣ ва маҷбурсозӣ.
2) аз рӯи тарзи таъсиррасонӣ ба усулҳои маъмурӣ ва иқтисодӣ.
3) аз рӯи дараҷаи таъсиррасонӣ ба усулҳои танзим, роҳбарӣ ва идоракунии бевосита.
Дар байни усулҳои маъмури ҳуқуқӣ ҷои асосиро маҷбурсозии маъмурӣ мегирад. Маҷбурсозии маъмурӣ намуди махсуси маҷбурсозии давлатӣ мебошад, ки хусусияти ҳуқуқӣ дошта аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдор татбиқ карда мешавад. Маҷбурсозии маъмурӣ вобаста ба мақсад ва роҳи таъминнамоии он ба объекте, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вайрон кардааст, ба 2 гурӯҳ тақсим мешавад:
1) Огоҳсозии маъмурӣ (контрол ва тафтишҳои назоратӣ, азназаргузаронии шахсӣ, тафтиши ҳуҷҷатҳои муқарраркунандаи шахсият, ҷорӣ кардани карантин ва ғайра).
2) Чораҳои пешгирии маъмурӣ (таъсиррасонии бевоситаи ҷисмонӣ, истифодаи воситаҳои махсус, дастгиркунии маъмурӣ, табобати маҷбурӣ, боздоштани фаъолияти ташкилотҳо ва ғайра).
Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешниҳод намуданд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҳоло бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.
Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:
– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд».
Ин иқдоми навбатии Пешвои миллат ғамхории Роҳбари давлат нисбати хизматчиёни давлатӣ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ маҳсуб ёфта, дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастгирии ҳамаҷониба ёфта, баҳри хизмати софдилона ба халқу давлат мусоидат намуда, бо ин роҳ пеши хавфҳои амали коррупсиониро дар ҷомеа хоҳад гирифт.
Собирзода А.Ҷ., муовини сардори факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...