Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки мутахассисон дар мизи мудаввари байналмилалӣ ба таври маҷозӣ

649Барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб буда, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.

Инак, мутобиқи Барномаи мақсадноки корӣ барои соли 2023 ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа, ки 14 апрели соли 2017 ба имзо расидааст, рӯзи 16 феврали соли 2023 мизи мудаввари байналмилалӣ дар мавзӯи «Экстремизми динӣ: роҳҳо ва механизмҳои муқовимат ба он» (Религиозный экстремизм: пути и механизмы противодействия) дар режими маҷозӣ (он-лайн) гузаронида шуд.

652Дар мизи мудаввари байналмилалӣ мутахассисони Маркази муқовимат ба экстремизми ВКД Ҷумҳурии Башкоркостон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Караганда, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Краснодар, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург ва филиали он дар вилояти Ленинград, Академияи ВКД Россия дар ш. Волгоград, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Шарқӣ-Сибирии ВКД Россия, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Ростови лаби Дон, Донишгоҳҳои такмили ихтисоси ВКД Россия дар ш. Тюмен ва Домодедово ва ғайра иштирок намуданд. 

Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Уфа оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Алексей Юревич Терехов баромад намуд.

Аз номи Академияи ВКД профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо маърӯза дар мавзӯи «Хусусиятҳои муқовимат ба экстремизми динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Особенности противодействия религиозному экстремизму в Республике Таджикистан») баромад намуд.
Дар кори мизи мудаввар масъалаҳои марбут ба криминологӣ, ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, криминалистӣ, ҳуқуқӣ-маъмурӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар паҳлӯҳои муқовимат ва мубориза бо экстремизми динӣ баррасӣ гардиданд.

651
Баъд аз анҷоми маърузаҳо аз тарафи мутахассисони муассисаҳо - иштирокичиёни семинари он-лайн саволҳо пешниҳод гардида, посухи мушаххас гирифтанд.

 

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...