Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

635

Ватандӯстӣ ин принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад.

Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ифтихор аз Ватан - Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз хислатҳои наҷиб ва писандидаи ҷавонони кишвар ба шумор рафта, онҳо саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёт ва рушду инкишофи Тоҷикистон мегузоранд. Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабри соли 2022 иброз намуданд: «Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халҳу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Тавсифи Сарвари давлат ба ҷавонони давраи соҳибистиқлолии кишварамон ҳамчун нерӯи созанда мазмун ва мантиқи амиқи воқеӣ дорад. Зеро аз як нигоҳ фақат насле, ки дар давраи соҳибихтиёрии давлат тавлид ёфтаанд воқеан фарогирандаи қишри ҷавони аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз нигоҳи дигар фаҳмишу дарки илм ва технологияи замони муосир ба давраи инкишоф ва бакамолрасии чунин қишри ҷомеа рост меояд. Яъне, дар замони мазкур (солҳои соҳибихтиёрии давлат) дар муқоиса ба тамоми давраи давлатдории тоҷикон имкониятҳои омӯзишию таҳсилӣ бо дастгириҳою сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар сатҳи хеле баланд, таъмин карда шуд.
Тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар навбати худ давлатдории миллӣ ба тарбия ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҳар як сокини давлат, бахусус ҷавонон мусоидат менамояд. Яъне, танҳо дар давраи давлатдории миллӣ ва рушди он имконият даст медиҳад, ки аз таърихи ниёгон ва анъанаҳои миллии миллат ёдоварӣ шуда, онро дар байни аҳолии мамлакат бе ягон монеа тарғиб намоем.
Дар партави гуфтаҳои боло қайд намудан ба маврид аст, ки аз замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо гардид, ки ашъори ниёгони гузаштагони миллати тоҷик, ки аҳамият ва хусусияти тарғибии ватандӯстию хештаншиносӣ доранд, ҳарчӣ бештар ба нашр расонида шаванд ва ин муваффақият аз ҷаҳду талош ва ғамхорию дастгирии пайвастаи Сарвари давлат вобастагии амиқ доранд.
Мавҷудияти маводи омӯзишии аҳамияти ватандӯстидошта ва тарғиби бештари онҳо нигоҳи ҷавононро ба олами воқеият ва арзи ҳастии хеш ба таври мусбӣ тағйир дода, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, ҳимоя аз фарҳангу таърихи гузаштаи худ намуда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд ва дар якҷоягӣ баҳри пойдории сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат миёни ҳамдигар умр ба сар мебаранд.
Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифаи ҷонӣ ба ҳисоб рафта, бояд дар азму иродаи онҳо доим такомул дода шаванд.
Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан омилҳои муҳими давлату давлатдорӣ буда, дар ҳадди тавсифшуда ва дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Баҳри тасдиқи фикр ёдоварӣ кардан аз замони аввали соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зарӯр мебошад. Яъне, дар давраи солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмфармо буд, ки аз моҳияти «Садоқат ба Ватан» тамоми афроди замони мазкур гӯё бедарак буданд ва воқеан барои бодарак намудани ин афрод на заминаи моддӣ ҷой дошту на маънавӣ. Ақли солим ва хирадмандию дурандешии баъзе афроди ҷомеа бо сарварии Президенти мамлакат ба қувваи бадӣ ғалаба намуда, заминаҳои аввалини умедвории мардумро барои ҳаёти оянда эҳё намуд. Ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан ҳам мафҳумҳое мебошанд, ки дуюмбора қувваи зинда пайдо намуда, дар азму иродаи аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон бо талошҳои зиёд ҷойгир ва мустаҳкам карда шуданд.
Ҳақ бар ҷониби Президенти мамлакатамон, ки таъкид намудаанд: «Миллате, ки худро намешиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром намегузорад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад». Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар хеле зарур ва аҳамиятнок мебошад.
Таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллиро Сарвари давлат вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат меҳисобанд.
Дар ҳақиқат замони бархурди тамаддунҳо, манфиатҳои миллию байнидавлатӣ, замони ҷаҳонишавӣ ва ҷангу ҷидолҳои давлатҳои ба мо дуру наздик, зарурияти ҳарчи бештари таблиғи ҳисси ватандӯстиро муайян менамояд. Яъне, дар фазои ноамни сайёра зиндагӣ ба сар бурда, манфиатҳои миллии давлатдорӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тамоми ҳастиаш дар замоне ҳифз карда метавонем, ки агар афроди айём ифтихори баланди ватандориро доро буда, ба қадри оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа расида, онро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд.
Бояд гуфт, ки аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Аз ин рӯ, таблиғи ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, садоқат ба Ватан, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ маҳз дар байни ин қишри ҷомеа, пояҳои давлатдории миллии давлатдориро мустаҳкам менамояд.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд. Маҳз дар ҳамин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027», шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардондани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ коркард ва қабул намудааст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.
Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Сарвари давлат боиси болидаруҳӣ ва ифтихори миллии ин қишри ояндасоз гардида, эътимоди онҳоро ба фардои дурахшон қавӣ ва масъулияташонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ дучанд менамояд.
Дар маҷмуъ, худоогоҳиву худшиносии миллӣ ҷавононро водор месозад, ки ба қадри Модар–Ватан, муқаддасоти миллӣ, рамзҳои давлатӣ, озодӣ, соҳибистиқлолӣ, инчунин, ба арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху фарҳанги куҳани халқи худ расанд ва барои гузоштани мероси арзанда ба наслҳои оянда кӯшиш намоянд.
Акрамзода Шукрона Муҳаммадӣ, Вализода Наврӯз Дустмурод.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...