Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсҳои такмили ихтисос дар Академияи ВКД

645

Яке аз вазифаҳои асосие, ки дар назди Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос дар самти амалияи маъмурӣ бо кормандони амалии ҷузъу томи Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд.

Дар навбати худ бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи роҳбарони Раёсатҳои ВКД, олимони Академия ва дигар омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсус муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимӣ гузаронида шуда истодаанд.

646
Вобаста ба такмили донишҳои оперативӣ 18-уми январи соли равон аз ҷониби сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Сафарзода Эмомалӣ Сафар дар мавзӯи “Фаъолияти амалияи маъмурӣ дар МКД ва ба расмиятдарории мурофиавии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ба шунавандагон дарс гузаронида шуд.

647

Роҳбарияти Академия ва ҳайати профессорону омӯзгорон дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоиро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таълим тадбирҳои навро роҳандозӣ менамоянд.

Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...