Омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар Академияи ВКД
13 январи соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ширкати намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромад намуда иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат як барномаи мукаммали иқтисодӣ - иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва мудофиавии миллат барои ояндаи кишвар маҳсуб меёбад. Вобаста ба ин сардори Академия намояндагони Маҷлиси Олиро ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи мазкур муаррифӣ намуд:
Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ - раиси комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор, д.и.ҳ., профессор.
Шоҳмурод Рустам - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, н.и.ҳ.
Раҷабзода Равшан Муҳитдин - раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, д.и.ҳ., дотсент.
Муртазозода Ҷ.С. дар мавзӯи «Моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамчун падидаи сиёсии даврони Истиқлолият ва низоми бахшҳои Паёми соли 2023» маърузаи муфассал намуд. Дар маъруза ба таври мухтасар рушди иқтидсодӣ - иҷтимоӣ ва ҳадафҳои стратегии давлат таҳлилу баррасӣ гардиданд. Муртазозода Ҷ.С. Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ номид, ки минбаъд мавқеи он бояд дар санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ муайян карда шавад.
Шоҳмурод Рустам дар мавзӯи «Нигоҳи ватанпарваронаи Пешвои миллат ва рушди устувори давлат дар ҳошияи Паём» маъруза намуд. Мавсуф иброз намуд, ки рушди давлат ба тарбияи ватандӯстӣ, нақши ҷавонон ва пос доштани фарҳанги миллӣ вобаста буда, давлат дар ин самт чорабиниҳои мушаххаси тарбиявӣ гузаронида, санадҳои муҳимро ба тавсиб расонида аст.
Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар мавзӯи «Дар бораи мазмун ва моҳияти бахшҳои калидии Паём» маъруза намуд. Мавсуф дар маъруза нуктаҳои муҳими Паёмро вобаста ба ҳадафҳои стратегӣ, рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амният дар ҷумҳурӣ ба саҳми ҳозирин расонид.
Дар фарҷом муколамаи байни омӯзгорон ва намояндагони Маҷдиси Олӣ оид ба бахшҳои гуногуни Паём баргузор гардид. Омӯзиши Паёмро сардори Академия бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки дар Академия Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастури корӣ мавриди истифода қарор гирифта, оид ба омӯзиш ва амалигардонии минбаъдаи он гурӯҳи корӣ ва тарғиботӣ таъсис дода шудааст.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.