Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Такмили ихтисос - самти пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ

120

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 бармеояд ба супориши бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. баҳри баланд бардоштани такмили ихтисос ва фарҳанги муоширати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 курсҳои такмили ихтисоси кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони ВКД баргузор гардид.
Дар курсҳои мазкур педагогҳои болаёқат - сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. аз фанни «Асосҳои Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», сардори факултети №1 н.и.ҳ., полковники милитсия Нозиров Н.А. аз фанни мурофиаи ҷиноятӣ, Асламов Б.С. муовини сардори факултети №2 полковники милитсия аз фанни этика ва психологияи касбӣ ва дигар устодони дараҷаи тахассусашон баланд дарс гуфтанд.
Машғулиятҳо дар синфхонаи таҷҳизонидашуда бо технологияи муосир гузаронида шуда, шунавандагон дар дарсҳо ах зуд фаъолнокӣ нишон доданд.
Ҳамчунин бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода А.А. санаи 12-уми феврали соли 2017 вохурӣ гузаронида, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти кор бо ноболиғон, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ба шунавандагони курсҳои такили ихтисос дастурҳои мушаххас доданд.
Дар асоси дастури муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода А.А., шунавандагони курсҳои такмили ихтисосро дар мувофиқа бо роҳбарияти Академия, ба ҷойҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе ба саёҳат бурда, ба онҳо услуби этикети муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаҳмонида шуд.
Боиси тазаккур аст, ки сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ба масъалаи ташкил ва гузаронидани курсҳои такмили ихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мунтазам бо онҳо мулоқот, сӯҳбат ва чорабиниҳои фарҳангӣ мегузаронанд.

121

Мавриди қайд аст, ки бо ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД – имкониятҳо барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос васеъ гардид, ки ин аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи кадрҳои баландихтисос дар мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳалимзода Д.Д., сардори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.сиёсӣ, подполковники милитсия,
Асламов Б.С., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...