Баргузор гардидани озмуни «Лабиринти ҳуқуқӣ»
Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академияи ВКД ва бо кумаки бевоситаи Дафтари САҲА дар Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» санаи 30 декабри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Лабиринти ҳуқуқӣ» бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ва 31-умин солгарди таъсиси Академияи ВКД баргузор гардид.
Мақсади баргузории озмуни мазкур ин таҳким бахшидани дониши курсантон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ташаккулёбии ақидаи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури хуқуқии мусбӣ, малакаи дар амал татбиқ намудани донишҳои омӯхташуда буд. Озмун бо унсурҳои маҳфили хушдилон баргузор гардида, дар як вақт ҳам ҷиддӣ ва ҳам шавқовар шуд.
Дар озмун курсантони курсҳои 3-5 факултети №2 ва №6 Академияи ВКД ширкат намуданд.
Дастаи факултети №2 «Мубориз» ва гуруҳи факултети №6 «Таҳаммулпазир» ном доштанд. Дастаҳо аз 6 нафар иборат буда, як нафар аз афсарон ҳамчун мураббии (наставник)-и даста буд.
Номи озмун тасодуфӣ набуда, иштирокчиёни он пеш аз ба мақсад расидан бояд монеаҳои ҳуқуқиро, ки иборат аз вазифаҳои озмун мебошанд, паси сар намоянд. Дастае, ки бештар холҳоро ба даст меоварад – дастаи ғолиб ва дастае, ки холҳоро нисбат ба дигар даста камтар ба даст меоварад – дастаи мукофотгиранда (призер) эътироф мешавад.
Озмун аз чор давра ибрат буд. Дар давраи якум, ки «Вазифаи хонагӣ» ном дошт ба якчанд қисм тақсим шуд, яъне: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст ва муаррифии мавзӯи интихобкардашуда. Қайд кардан ба маврид аст, ки дастаи «Мубориз» мавзӯъ оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дастаи «Таҳаммулпазир» бошад, мавзӯи мубориза ба терроризм ва экстремизм интихоб намуда, видеоклипҳое, ки дар муддати як моҳ тайёр карда будаанд, ба ҳакамон ва мухлисон пешниҳод намуданд.
Давраи дуюм – «Вазифаи амалия», ки давраи даставӣ буд.
Давраи сеюм – «Силоҳбадаст ва хатарнок» (дар доираи криминалистика).
Давраи чорум – «Муҳорибаи титнаҳо» (капитанҳо) – ба майдон сарварони дастаҳо даъват карда шуда буданд.
Ҳамчунин тамошобинон, курсантони факултетҳои № 2 ва № 6 фаъолона иштирок намуданд.
Ҳангоми танаффус дар рафти озмун, бозӣ бо номи «Ҳозирҷавоб» дар шакли саволу ҷавоб бо курсантон ва ҳакамон гузаронида шуд. Ба иштирокчии ҳозирҷавоб аз байни курсантон ва ҳакамон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Баъди ҷамъбасти холҳо аз ҷониби раиси ҳакамон ғолибони викторина эълон шуданд, ки ғолиби он дастаи факултети № 2 «Мубориз» бо 115 хол гардид. Дастаҳо бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин капитани беҳтарин (капитани дастаи «Таҳаммулпазир»), беҳтарин бонуи ҳуқуқшинос (аъзои дастаи «Таҳаммулпазир») ва беҳтарин ҷавони ҳуқуқшинос (аъзои дастаи «Мубориз») ва мухлиси беҳтарин (курсанти курси 4 факултети № 2) интихоб гардида, онҳо низ бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр