Ташкили самараноки имтиҳонҳои шифоҳӣ дар Академияи ВКД
Дар асоси иҷрои саривақтии қарори ҳайати Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-апрели соли 2022, №06/08 оид ба ташкили раванди сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 «Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта», ҳамчунин тибқи супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар факултетҳои Академияи ВКД ташкили самараноки имтиҳонҳо амалӣ гардида истодааст.
Дар ин раванд аз ҷониби кафедраҳои дахлдор номгӯи саволҳои санҷишӣ-имтиҳонӣ мураттаб гардида, тасдиқ гардиданд.
Пеш аз шурӯъи сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 бо курсантону шунавандагон тибқи ҷадвали алоҳида, рӯзҳои машварат муқаррар гардида, саволномаҳо қабл аз имтиҳону санҷишҳо ба онҳо барои омодагӣ пешниҳод гардид. Натиҷаи иҷрои қарори ҳайати Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-апрели соли 2022, №06/08 оид ба ташкили раванди сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар Академияи ВКД нишон дод, ки шумораи зиёди курсантону шунавандагон ба имтиҳону санҷишҳо бо тайёрии пухта омада, соҳиби холҳои баланд гардиданд.
Раванди сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар Академия идома дошта, дар баробари ин шакли хаттӣ ва омехтаи санҷишу имтиҳонҳо низ гузаронида шуда истодаанд, ки курсантону шунавандагон дар онҳо фаъолияти баланд нишон дода истодаанд.
Сифати сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023-ро шуъбаи таълим ва қисмҳои таълимии факултетҳо назорат мебаранд. Натиҷаи имтиҳону санҷишҳо ба курсантону шунавандагон сари вақт расонида мешаванд, ки ин иқдом онҳоро барои азхудкунии фанҳои таълимӣ ҳавасманд мегардонанд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.