Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили бошукуҳи Иди Соли нав дар Академияи ВКД

OSH 0967Бо ибтикори роҳбарият, муовини сардори Академияи ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ, полковники милитсия Шарифзода М., кормандони шуъбаи кадрҳои Академия таҷлили бошукуҳи истиқболи Иди Соли нав дар толори фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. кушода, ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод намуд. Муовини аввали сардори Академия иброз намуд, ки «Академияи ВКД дар соли сипаригаштаи 2022 ба натиҷаҳои наззаррас соҳиб гашт ва дар соли оянда корҳои зиёде ба нақша гирифта шуданд, ки бояд дар сатҳи баланд иҷро гарданд. Бахусус, мо бояд фаъолияти худро дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монем».
Бахшида ба Иди Соли нав як қатор кормандон бо Ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин маросими ба нафақа гусел кардани собиқадорон баргузор гардид. Сипас аз ҷониби дастаи корманд-ҳаваскорони Академия намоиши театрӣ бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак ва дигар қаҳрамонҳои солинавӣ баргузор гардида, ба чорабинӣ сарояндагони номӣ Зафар Аюбӣ ва Иззат Шарифӣ шукуҳу хушхолӣ бахшиданд.
Ҳайти шахсии Академияи ВКД Соли нави мелодиро бо комёбиҳои назаррас ва рӯҳи болида истиқбол гирифта, ба фарзандони оилаҳои онҳо аз ҷониби роҳбарият тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид.

OSH 1060

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...