Боздиди Шӯрои ректорони муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ аз Академияи ВКД
29-уми декабри соли 2022 дар доираи ҳамкориҳои муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маориф ва илм, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД боздиди Шӯрои ректорони Мактабҳои Олӣ аз Академия баргузор гардид.
Шӯроро дар ҳайати Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои техникӣ, профессор, дорандаи чоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Саидзода Раҳим Ҳамро, ректорони муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қаровули фахрии Академияи ВКД ботантана истиқбол намуда, нахуст онҳо аз Осорхонаи Академияи ВКД шиносои пайдо намуданд.
Сипас дар майдони сафороӣ аз машқҳои тактикии курсантони Академия, дастаҳои таъиноти махсус оид ба бартарафсозии бетартибиҳои оммавӣ ва кинология дидан намуданд. Ҳайати Шӯрои ректорон аз шароити таълимӣ, синфхона ва толорҳои Академия аз наздик шинос шуда, ба тарҳи меъмории Академия баҳои баланд доданд.
Ҳайати Шӯрои ректоронро сардори Академия доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент , генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ хайрамақдам гуфта, онҳоро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Академияи ВКД ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки ин шароитҳои беҳтарини таълимӣ тавассути ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ барои омӯзгорону курсантон фароҳам оварда шудааст.
Курсантони Академия ғолиби озмунҳои «Фуруғи субҳи донӣ» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» буда, бо маърӯзаҳо дар конфронсхо ва мусобиқаҳои сатхи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат менамоянд. Академия базаи мустаҳками илмӣ дошта дар он 6 факултет, 24 кафедра, шуъбаи ташкилӣ - илмӣ ва табъу нашр, шуъбаи адъюнктура, шуъбаи таълим, шуъбаи кадрҳо, сохторҳои молиявӣ ва хоҷагидорӣ, шуъбаи тиббӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ фаъолият доранд. Аз боздид ва шиносоӣ аз кору фаъолияти Академияи ВКД ҳайати Шӯрои ректорони муссисаҳои олии таълимӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳоро бо ин муассисаи бонуфузи таълимӣ ва илмӣ дар оянда низ густариш хоҳанд дод.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.