Маъракаи ниҳолшинонӣ
Дар асоси ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сарсабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои он дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он дар баробари ҳайати шахсӣ сардори Академияи ВКД, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ширкат намуд.
Теъдоди зиёди ниҳолҳои сарсабз дар гирду атроф ва дохили Академияи ВКД шинонида шуд, ки ҳусни ин муассисаи таълимии бонуфузро боз ҳам зебою назаррабо намуд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.