Тамошои дастҷамъонаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ
23-юми декабри соли 2023 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, ки ҳайати шахсии доимӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД онро дастҷамъона тавассути шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат аз таҳлили вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ оғоз гардида, Пешвои миллат иброз намуданд, ки рушди иқтисодии кишвар афзуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2022 афзоиш ёфт.
Бахусус, Пешвои миллат ба мактабу маориф таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, иброз доштанд, ки шумораи мактабҳои миёна ва олӣ дар кишвар сол аз сол афзиш ёфта истодааст, танҳо сифати таълиму тарбияро боло бардоштан лозим аст. Инчунин Пешвои миллат ба тарбияи кадрҳои ҷавон, мавқеи зан-модар, пурқувватгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, пешгирии ифротгароӣ таклифу пешниҳодҳои мушаххас намуда, ҳифзи иҷтимоии аҳолиро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон доштанд. Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд:– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;
Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Ҳайати шахсии Академияи ВКД аз тамошои Паём руҳу илоҳоми тоза гирифта, онро сармашқи фаъолияти худ қарор доданд. Бо супориши роҳбарияти Академия гурӯҳи тарғиботӣ оид ба омӯзиши Паём созмон дода шуд.
Гузориши махсус Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.