Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсяи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба ислоҳоти милитсия

OSH 9941

20-уми декабри соли 2022 дар Академияи ВКД бо мусоидати САҲА, кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД, ҷалби коршиносону олимон, роҳбарони МКД, Шӯрои ҷамъиятии ВКД конференсяи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар мавзӯи «Нақши қонунгузорӣ дар ислоҳоти милитсия: муваффақият ва норасоиҳо» барузор гардид.

OSH 0051Кори конференсияро муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., Насуриён П.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Мавсуф иброз дошт, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-июни соли 2020 Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 амал менамояд. Дар доираи ислоҳоти милитсия бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ корҳое зиёде ба анҷом расонида шуда, мо дар марҳилаи дуюми ислоҳоти милитсия аз соли 2014 ин ҷониб қарор дорем.Ҳадафи конференсияи имрӯза баррасии масоили зерин аст, ки дар амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия нақши худро мегузорад.
Сипас тибқи барномаи конференсия, модератори он муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. интихоб гардида, инҳо маръӯза намуданд:
-Тағозода А.С. - судияи Суди Олии ҶТ дар мавзӯи «Ҳамкории МКД бо мақомоти судӣ дар самти пешбурд ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвйронкунии маъмурӣ: муқоиса ва дурнамо»;
-Додобойзода Ҳ.П. - муовини сардори Раёсати хифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД, полковники милитсия дар мавзӯи «Ҳамкории нозирони минтақавӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ»;
-Раҳмадҷонзода Р.Р. - муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия дар мавзӯи «Такмили асосҳои ҳуқуқии раванди ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон»;
-Ҳабибов С.А. - муовини сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, н.и.ҳ., полковники милитсия дар мавзӯи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025»;
-Икромзода М.И. - сардори шуъбаи ташкилӣ-таҳлилӣ ва кор бо воҳидҳои РК ва КҲШ ВКД, полковники милитсия дар мавзӯи «Мушкилоти гузаронидани тағйиротҳои воҳидӣ-штатӣ дар сохтори таркибии ВКД»;
-Рустамзода А.Қ. - сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, н.и.ҳ., майори милитсия дар мавзӯи «Переспективы использоаания it-разработок в работе ОВД РТ»;
-Бахтиёрзода З.А.- сардори сикл оид ба омодагии ҳуқуқии Маркази таълимии ВКД, подполковники милитсия дар мавзӯи «Саҳми Маркази таълимӣ дар тайёрии ибтидоӣ ва бозомӯзии кормандони МКД дар асоси Барномаи ислоҳоти милитсия»;
-Нурддинзода С.Н. - дотсенти кафераи ҳуқуқи маъмурӣ ва ФМ МКД, подполковники милитсия дар мавзӯи «Дурнамои кафолати ҳимояи иҷтимоӣ–ҳуқуқии корманди МКД дар доираи ислоҳоти милитсия»;
-Аҳмадзода А. - муовини раиси Шӯрои ҷамъиятии ВКД н.и.ҳ., дар мавзӯи «Масоили ҳалталаби Барномаи ислоҳоти милитсия»;
-Ғуломов Қ. - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва ФМ МКД, полковники мустаъфӣ дар мавзӯи «Комёбиҳои ВКД дар иҷрои Барномаи ислоҳоти милитсия ва дурнамои он».
Дар фарҷоми кори конференсия ба фаъолон Сертификатҳо супорида шуда, тавсияҳо барои такмили Барномаи ислоҳоти милитсия қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Ҳайдарзода О.Ҳ.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...