Вохӯрӣ оид ба маърифати ҳуқуқии ҷавонон
Дар доираи ҳамкориҳои судманди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2022 вохӯрӣ ва мулоқоти кормандони Академияи ВКД бо донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти коллеҷи мазкур, муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Нурализода С., ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД, «Аълочии матбуот», полковники милитсия Асламов Б. ва донишҷӯёни муассисаи таълимии мазкур ширкат доштанд.
Дар вохӯрӣ Асламов Б. дар мавзӯи «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Нуралев С. дар мавзӯи «Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғону ҷавонон» маърӯза намуданд.
Мулоқот хотирмон баргузор гардида, баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намуд.
Нурализода А., омӯзгори калони кафедри тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети №2, Академияи ВКД, подполковники милитсия.