Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ

makomaДар асоси фасли 4 банди 3 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, Факултети №4» ва фасли 4 банди 40 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, 14-уми декабри соли 2022 бо иштироки роҳбарият ва устодони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин курсантони курси 4-ум дар маҷлисгоҳи факултет маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» гузаронида шуд.

Чорабиниро бо сухани ифттитоҳӣ муовини сардори Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, майори милитсия Одиназода И.А. ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. дар мавзӯи «Мафҳум ва намудҳои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ, асосҳо барои гузаронидани онҳо» баромад намуд.
Дар асоси нақша курсантон ба 2 гурӯҳ, яке бо номи Пайгир (курсантон Муродқулов М., Турдибекова Ж., Исмоилов З., Савриев М. ва Мирзоев Р.)
ва дигаре Кофтуков (Раҳмонзода О., Ғайратзода Ш., Аюбзода О., Каримов Ф.,Ҳамдамов Б., Баротов К. ва Ҳоҷизода Б.)
тақсим шуда, ба саволҳои гузошта шуда ҷавобҳои мушаххас доданд, ки аз тарафи ҳакамон бо ба даст овардани 71 хол ҷойи аввал насиби дастаи Кофтуков гашта бо 66 хол ҷои дуюмро дастаи Пайгир ишғол намуда иштирокчии беҳтарини махфили илмӣ курсант Каримова Мавлуда дониста шуд.
Дар рафти маҳфили илмӣ саҳнача дар бораи фаъолияти шуъбаи корҳои дохилӣ аз тарафи иштирокчиёни маҳфили илмӣ намоиш дода шуд, ки курсантон бо як маҳорати баланд нақшҳоро иҷро карда, инчунин шеърҳо аз ашъори Ниҳонӣ қироат намуданд. Дар охир муовини сардори факултет маҳфили илмиро ҷамъбаст намуда ба ғолибони маҳфили илмӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД, майори милитсия,
Муҳамадзода Н.Д., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...