Касби ман - ифтихори ман
Таҳти чунин ном дар рӯзи 7 декабри соли 2022 бо ибтикори Шӯрои роҳнамоёни Академияи ВКД семинари илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Дар кори семинар муовинони сардори Академия полковники милитсия Шарифзода Мирзо ва номзади илми ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки фаъолият кардан дар сафҳои милитсия ифтихори бузург аст ва ҳар як корманди ба ин сафҳо воридшуда бояд инро донад. Ҳамчунон, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Обрӯи мақомоти ҳуфзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар миёни ҷомеа, пеш аз ҳама аз рафтору кирдори намунавии ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбӣ вобаста аст».
Дар кори семинар 18 нафар кормандони ҷавон иштирок карданд, ки ба онҳо аз ҷониби кормандони собиқадор маърӯзаву маслиҳатҳои методӣ дода шуд.
Азимӣ У. – муовини сардори Шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия, дар мавзӯи «Оид ба тартиби хизмат ва ҳифзи иҷтимоии корманди милитсия », Самиев Н. М. – сардори Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, дар мавзӯи «Воспитания молодого поколения в целях привития любви к избранной профессии», Асламов Б. С. - ходими калони илмии Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи: «Маданияти ахлоқии корманди милитсия», Абдулаҳадзода А.- сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи гражданӣ, подполковники милитсия дар мавзӯи «Имиҷи корманди милитсия», Бойзода Ҷ.Ҷ. - раиси Шӯрои роҳнамоёни Академия, полковники милитсия дар мавзӯи: «Мантиқи гуфтори корманди МКД», Самеъзода Б.С.- раиси Шӯрои кураторони Академия, подполковники милитсия дар мавзӯи "Маърифати омӯзгор", Рауфзода К.Р. – омӯзгор - ҳамкори кафедраи забонҳо, полковники мустаъфии милитсия, дар мавзӯи: «Ҳуҷҷатнигорӣ дар кори милитсия» баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар анҷоми семинар ба кормандони ҷавон тавсияҳои методӣ барои омӯзиши санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва оинномаву дастурамалҳои соҳавӣ дода шуд.
Бойзода Ҷ.Ҷ., раиси Шӯрои роҳнамоёни Академияи ВКД, полковники милитсия