Паём раҳнамои ҷавонон дар соҳаи варзиш аст
Чун анъана ҳамасола бо натиҷагирӣ аз дастоварду нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва муайяну мушаххас намудани нақшаву барномаҳои дурнигарона барои соли оянда ва марҳилаи рушди босубот Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат" ироа мегардад. Паём тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ, илму маърифат, масъалаҳои дастгирии давлатии тамоми мардуми кишвар ва бахусус ҷавонону варзишгаронро фаро мегирад. Мо ҷавонону варзишгарон беш аз ҳама интизори Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Зеро дар меҳвари ҳар Паём масоили марбут ба дастгирии давлатии соҳа беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Эътимоду боварӣ, ташаббусу ибтикороти наҷиби муҳтарам Ҷаноби Олӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба мо нерӯву тавони тозаро дар ҷодаи ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, муаррифии шоистаи ҷумҳурӣ дар ақсои олам ба вуҷуд меорад.
Мо ҷавонону варзишгарон бахубӣ эҳсос менамоем, ки ҳанӯз қадамҳои устувор дар ҷодаи рушди бонизоми соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат гузошта шуда буд. Пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ягона аз кишварҳои пасошӯравӣ буд, ки қонуни худро "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон" қабул намуд. Ҳамзамон баргузории мулоқоти бевоситаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мулоқот бо ҷавонону варзишгарон, таъсис додани ниҳоди муттаҳидкунандаи ҷавонону варзишгарон дар сохтори давлатӣ - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактабҳои оливу муттаҳидаи варзишӣ, донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва амсоли инҳо шаҳодати гуфтаҳои болоист.
Ҳамасола амалӣ намудани иқдомҳои дурнигарона дар самти рушду инкишофи соҳаи ҷавонон ва варзиш, аз қабили муқаррар намудани стипендия ва квотаи Президентӣ, ҷоизаи давлатӣ барои олимони ҷавон ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаи Президентӣ барои варзишгарони беҳтарин ва муваффақ боиси рӯҳбаландии қишри таҳрикбахшандаи ҷомеа мебошад. Аз ҷумла басо хушоянд аст, ки тӯли солҳои охир чун анъана таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабои идона озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва "Илм-фурӯғи маърифат" баргузор гардида истодааст, ки аксари ғолибони озмунҳои мазкурро қишри наврасу ҷавони мамлакат маҳсуб меёбанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша изҳор медоранд, ки "ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ мегардад ба хотири ояндаи ободу дурахшони ҷавонон амалӣ мегардад".
Ин аст, ки дар Паёми навбатии хеш 21 декабри соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба масъалаҳои ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хоса равона намуда, бамаврид аз дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.
Ба мо ҷавонон пеш аз ҳама суханҳои ҳикматбор ва боварибахши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳому умеди тоза мебахшад, ки дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд.
Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем.
Бо такя ба ҳидоятномаҳои Пешвои миллат ва бовариву эътимоди комилашон ба ҷавонону варзишгарон мо омӯзгорони ҷавони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷаҳду талош менамоем, ки насли ояндасоз ва муаррифгари давлату миллатро бо донишу маҳорати хоса тарбия намуда, Ватани азизу маҳбуби худро боз ҳам дар ақсои олам чун пайравони воқеии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намоем.
Дастурдеҳи кафедраи ТМ ва ОҶ
Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Додов К.С.