Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

OSH 93949 декабри соли 2022 семинар-машварат дар мавзӯи «Коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия» дар толори Шӯрои диссертатсионии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандону омӯзгорон ва курсантон баргузор карда шуд. Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А., муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшид.

Баъдан, семинар-машварат таҳти роҳбарии н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм кори худро идома дод. Дар семинар-машварат майори адлия Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод, сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030»; н.и.ҳ., полковники милитсия Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ, сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Марҳилаҳои инкишофёбии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба коррупсия»; полковники милитсия Шарифзода Вафоидин, дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Омилҳои психологии содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ»; подполковники милитсия Ҳоҷивалиева Тоҷиниссо Абдуалиевна, муовини сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯза дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия: назари ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ» баромад намуданд.OSH 9414
Қисмати музокиравии семинар-машварат бо додани саволҳои зиёд оид ба масъалаҳои инъикоскунандаи ҷанбаҳои гуногуни коррупсия ва роҳҳои муқовимат ба он ва посухҳои маърӯзачиён ба ин саволҳои додашуда гузаронида шуд, ки дар натиҷа семинар-машварат самарабахш ҳисобида шуда, ҷамъбаст гардид.

Азимӣ У.А., Сафарзода С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...