Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фатҳи қуллаҳои нав ба нав аз ҷониби варзишгари ҷавону умедбахш

OSH 6683Дӯстмуроди Абдулҳасан аз хурдӣ орзуи корманди милитсия шуданро дошт. Ӯ дар мактаби №52-и ҷамоати деҳоти Тебалаи ноҳияи Кӯлоб бо баҳои хуб таҳсил намуда, ҳамчунин ба гуштини тарзи миллӣ машғул буд.

Соли 2018-ум ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, айни ҳол дар курси 5-ум факултети №2 таҳсил менамояд. Дар баробари тазсил ва интизоми намунавӣ Дӯстмуроди Абдулҳасан аз устодони варзиш Парвиз Собиров, Восеъ Юсупов, Манучеҳр Назаров асосҳои муҳорибаи тан ба тан (ММА)-ро омӯхта, аъзои Федератсияҳои Кемпо,Ҷиткундо, Айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо ҷойҳои ававалро ишғол намудааст, аз ҷумла соли 2021 дар бозиҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе ҷои якум, дар бозиҳои байналмилалии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҷои дуюм, дар бозиҳои ММА дар шаҳри Душанбе, санаи 12-13-уми ноябри соли 2022 ҷойи якумро ишғол намуда, обрӯи Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияро дар сатҳи байналмилалӣ боло бардоштааст.
Дӯстмуроди Абдулҳасан соҳиби якчанд медалу дипломҳои Федератсияҳои Кемпо, Ҷиткундо, Айкидои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар оянда орзуи корманди кофтукови ҷиноятӣ шуданро дар дил мепарварад. Роҳбарияти Академияи ВКД курсант Дӯстмуроди Абдулҳасанро пайваста дастгирӣ намуда, ба ӯ дар ҷодаи варзиш ва таҳсил дар Академияи ВКД комёбиҳои нав ба навро таманно менамоянд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...