Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон» 10 декабри соли 2022 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон V - умин конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» ташкил ва баргузор гардид. Дар оғози кори конференсия сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо сухани ифтитоҳӣ кори конференсияро оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт.
Мавсуф аз ҷумла иброз намуд, ки: «Имрӯз мо дар арафаи таҷлили як рӯзи муҳимми таърихӣ, 10-уми декабр - Рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон қарор дорем. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, яке аз санадҳои байналмилалии асосӣ маҳсуб меёбад, ки он бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар Париж қабул гардидааст.
Санади мазкур дар як марҳилаи басо муҳимми таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳо нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, барои рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузоштааст.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, таваҷҷуҳи асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон равона гардидааст.
Бояд зикр намуд, ки дар дебочаи ин санади муҳимми таърихӣ бевосита дарҷ гардидааст, ки Ассамблеяи Генералӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро ҳамчун вазифаи тамоми халқҳо ва тамоми давлатҳо эълон медорад, то ҳар фард ва ҳар мақоми давлатӣ онро доиман дар мадди назар дошта бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд, пеша намудааст.
Дар замони муосир ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олитарини инсоният бояд риоя, таъмин ва ҳифз карда шавад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд борҳо таъкид намудаанд, ки риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин мақсад ва вазифаи асосии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.
Бо боварии комил метавон иброз намуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои асосии ҳуқуқӣ дар самти таъмини ҳуқуқи инсон ҷой дорад. Вобаста ба ҳуқуқи инсон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидааст, ки риояи он уҳдадории ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. Риояи дақиқ ва бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба муҳиммияти ҳуқуқи инсон имрӯз дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи ҳуқуқи инсон» V-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардида истодааст, ки дар кори он доираи васеи олимони шинохтаи соҳаи ҳуқуқи инсон бавосита ва ё тариқи ғойбона аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок доранд.
Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар кори конференсияи мазкур зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон аз муассисаҳои бонуфузи таълимиву илмии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларусия, Украина, Қазоқистон, инчунин, дигар муассисаҳои илмиву таълимии кишвар аз қабили Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов дар ш. Душанбе, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ ворид гардиданд.
Бояд иброз намуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи байни назария ва амалия дар кори конференсияи имрӯза намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, аз қабили намояндагони Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ ширкат меварзанд.
Дар охир, ба кори конференсияи мазкур ҳусни оғоз бахшида, умедворам, ки дар рафти он масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, ҷиҳати рушди ҳуқуқи инсон таклиф ва пешниҳодҳои судманд манзур карда мешаванд.
Ташаккур ба диққататон!
Дар кори конференсия бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуданд:
ШАРИФЗОДА ФАЙЗАЛӢ РАҲМОНАЛӢ – сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия;
ЗОКИРЗОДА НУСРАТУЛЛО - ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, номзади илмҳои фалсафа, дотсент;
ДИНОРШОХ АЗИЗ МУСО - заместитель исполнительного директора филиала МГУ имени М.В. Ломоносова в г. Душанбе, д.ю.н., профессор;
БУРИЗОДА ЭМОМАЛӢ БОЗОР – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор;
БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, д.и.ҳ., профессор;
ШАРОФЗОДА РУСТАМ ШАРОФ - профессор кафедры теории и истории государства и права юридического факультета Таджикского национального университета, д.ю.н., профессор;
АЛИМОВ CУРОБШО ЮСУФШОЕВИЧ - профессор кафедры государственно-правовых дисциплин Российско-Таджикского (Славянского) университета, д.ю.н., профессор;
РАҲМАДҶОНЗОДА РИФАТ РАҲМАДҶОН – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия;
ИСКАНДАРОВ ШАРАФ – дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, н.и.ҳ., дотсент;
МАНСУРЗОДА АМИРШОҲ МАНСУР - сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия;
АМОНУЛЛОЕВ ШЕРАЛИ ПИРҚАДАМОВИЧ - заместитель начальника кафедры общественно-гуманитарных дисциплин Военного института Министерства обороны Республики Таджикистан, к.ю.н., капитан;
СОДИҚОВ АҲАД МУССОЕВИЧ – сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ИКРОМОВА ЗУЛОЛА – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
АСРОРЗОДА ЗУҲУРИДДИН – сардори Раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалияи судӣ ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи якум;
РАҶАБОВ АБДУМАҶИД – сардори кафедраи Мактаби олии КДАМ;
ИЗАТУЛЛОЕВА САВЛАТ – муовини декан оид ба илми факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ДАБИРҶОНИ МАҲМАД – муовини декан оид ба илми факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
КАРИМЗОДА УМАР КАРИМ – заместитель начальника факультета № 2 Академии МВД Республики Таджикистан, к.ю.н., подполковник милиции;
МАТРОБОВ МАТРОБ – сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
САНГОВ ТОҶИДДИН – ходими хурди илмии шуъбаи ҳуқуқи давлатии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ;
ҚОДИРЗОДА ҒОЛИБ НУРУЛЛО - омӯзгори калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ШАРИФЗОДА АСРОР НОР – судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
НУРЛЯМИНЗОДА ГУЛНОРА АБДУЛЯМИН – сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии фаъолияти судяҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон.