Ташкили Курсҳои олии академӣ
Ҷиҳати иҷро намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд ва супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо иштироки муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар заминаи факултети №1-и Академия Курсҳои олии академӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби профессорону омӯзгорони Академия дар мавзӯъҳои ташкили корҳои тарбиявӣ, маданияти муошират, муқовимат бо коррупсия, ташкили кори оперативӣ-тафтишотӣ, сотсиология ва психологияи роҳбарӣ, низоъшиносӣ ва дигар фанҳои муҳим машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ полковники милитсия Шарифзода М.С. ва сардори факултети №1 номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Н. Нозиров, шунавандагони Курсҳои олии академӣ ба тамошои Осорхонаи ВКД ва бинои нави Академия сафарбар карда шуданд. Баҳри тақвияти робитаи назария бо амалияи мақомоти корҳои дохилӣ бошад, санаи 14-уми феврал вохӯрии муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо курсантони курси 3-юми факултети №2 баргузор гардид, ки ин иқдом дар тарбияи тамоюли касбии курсантон нақши муҳим мебозад.
Муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин вохӯрӣ аз дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ташкили корҳои тарбиявӣ, ғамхориҳои бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар таҳкими заминаҳои моддиву маишии тамоми ҷузъу томҳои ВКД, алалхусус Академияи он суҳбатҳои муфид намуданд.
Баъди анҷоми Курсҳои олии академӣ аз тарафи роҳбарияти Академия ба муовинони сардорони Шуъбаҳои ВКД оиди кор бо ҳайати шахсӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сертификатҳо супорида шуданд.
Б. Асламов,
Ш. Убайдуллоев