Тамошои филми “Нишонро мебинам”
Бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., тамошои филми тарбиявӣ, ватанпарастӣ, ҷасорату матонат, “Цель вижу” (Нишонро мебинам), ки аз ҳаёт ва фаъолияти духтарон - таълимгирандагони Мактаби занонаи снайперистон дар солҳои 1941-1945 нақл мекунад, бо иштироки курсантдухтарони Академияи ВКД, ба роҳ монда шуд. Қаҳрамонони асосии ин филм духтарон-таълимгирандагони Мактаби занонаи снайперистон, ки ихтиёрӣ ба ин Мактаби ҷасорат дохил шудаанд ва дорои ифтихори баланди ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ, шуҷоату ҷасоратанд, мебошанд. Инчунин дар филми зикргардида дар бораи риояи дурусти талаботҳои низомӣ, дар ҷанги зидди душман нишон додани қаҳрамонӣ, содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ, иродаи мустаҳками духтарон гуфта шудааст.
Пас аз фарҷоми филм курсантдухтарони Академия андешаҳои худро аз тамошои филм баён намуда, иброз намуданд, ки ба Ватан содиқона хизмат мекунанд, ба Савганди ёдкардаашон ҳамеша содиқ мебошанд. Инчунин дар ин соат, тибқи Нақшаи Шӯрои занони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои занони Академияи ВКД бо иштироки курсантдухтарони Академия баргузор гардид. Раиси Шӯрои занони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Давлатшозода Азиза ҷаласаи навбатиро оғоз намуда, оид ба масъалаҳои қонуният, иштироки фаъолонаи курсантдухтарон дар дарсҳо ва корҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, иштирок дар озмунҳо, риояи одоби муошират ва ғайра суханронӣ намуд. Инчунин дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, Фармону Дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ибрози андеша намуд.
Муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Академияи ВКД подполковники милитсия Азимӣ Умеда низ дар бораи одобу рафтор, риояи талаботҳои Оинномаи Академияи ВКД, сайқал додани донишу малака, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудани курсантдухтарони Академияи ВКД суханронӣ намуд.
Забирзода Ш., полковники милитсия
Убайдуллоев Ш., полковники милитсия