Вохӯрӣ ҷиҳати баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ
Бо дастуру супоришҳои сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва бо мақсади тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани касб, содиқ будан ба Савганд ва дар замири курсантон бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар вохӯрӣ бо шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки сардори факултети №3 н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Одиназода А.Ш., сардори факултети №5 майори милитсия Нуруллозода М. ва курсантони факултети №5 доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи шунавандагони факултети №3, ки кормандони СХДО ба ҳисоб мераванд, дар вақти сӯҳбат бо курсантон аз рафти хизматбарии ҳаррӯзаи худ ба курсантон ибрози баён намуда, оид ба интизоми хизматӣ ва касби интихобнамудаи худ маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ аз тарафи сардори факултети №5 майори милитсия Нуруллозода М., мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, ба курсантон ва ҲПО факултети №5 мутолиаи мақолаи «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест» фаҳмонида дода шуд.
Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи курсантон саволҳо оид ба мақолаи мазкур дода шуда, мухтасар посух гардонида шуд.
Одиназода А.Ш.
Нуруллозода М.Н.