Он-лайн лексия оид ба масъалаҳои қонунгузории ҷиноятӣ дар мамлакатҳои СААД
Иштирок намудани дар он-лайн конференсияҳои байналмилалӣ барои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъана гардида, нахустин бор чунин таҷриба 5 апрели соли 2018 пайдо шуд ва аз он вақт натанҳо профессорону омӯзгорони Академияи ВКД, балки курсантон низ дар чунин чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд.
Чунончи, дар ҷодаи ҳамкориҳои дутарафа ва мувофиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибирии ВКД Россия дар ш. Красноярск ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6 декабри соли ҷорӣ курсантони курсҳои 3 ва 4 факултети № 2 ва профессорону омӯзгорони Академияи ВКД дар лексияи шакли он-лайн (маҷозӣ) дар мавзӯи «Қонуни ҷиноятӣ ва баамалбарории он дар мамлакатҳои СААД» (Уголовный закон и его реализация в странах ОДКБ), ки дар ш.Красноярск баргузор гардид, иштирок намуданд. Ҳамчун лектор профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологияи Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибирии ВКД Россия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия Тепляшин Павел Владимирович баромад намуд. Дар чорабинӣ мушовири Котиби Шӯрои координатсионии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъадори давлатҳо - аъзоёни СААД Михаил Геннадьевич Мелихов бо сухани ифтитоҳӣ иштирок намуд.
Дар он-лайн лексия ҳамчунин курсантон ва профессорону омӯзгорон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Карағанда, Комплекси таълимии политсияи Ҷумҳурии Арманистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Баъд аз анҷоми лексия аз тарафи омӯзгорон ва курсантон ба лектор саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон