Вохӯрии судманд бо курсантони Академияи ВКД
Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии курсантон дар самти ФОҶ.
5 декабри соли 2022 дар толори бинои факултети №6 бо иштироки сардори факултет, н.и.ҳ., подполковники милитсия Амрудинзода М.А. ва муовинони сардорони ШВКД дар ноҳияҳо - муовини сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ дар ноҳияи М.А.Ҳамадонӣ полковники милитсия Амирализода Сулаймон, муовини сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ дар н.Вахш подполковники милитсия Садирзода Низомӣ ва муовини сардори ШВКД оид ба корҳои оперативӣ дар н.А.Ҷомӣ майори милитсия Давлатзода Абдурасул, бо курсантони факултети №6 вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва сайқал додани маҳорати касбии курсантон баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат афсарони даъватшуда вобаста ба вазифаҳои хизматиашон ба курсантон маъруза карда, тавсия ва дастур доданд, ки барномаи таълимиро аз худ карда донишашонро баланд бардоранд то ин, ки дар фаъолияти амалиашон ба мушкилиҳо дучор мешаванд ва дар ҳалли он мушкилиҳо баромада тавонанд. Дар охири суханронӣ курсантон бо муовинони сардорони ШВКД доир ба касби интихобкардаашон саволҳо дода вобаста ба саволҳои пешниҳодкардаашон ҷавобҳои мушаххас гирифта, қаноатманд шуданд.
Дар вохӯрии мазкур курсантони факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, аз вохӯрӣ баҳра бардошта, донишашонро сайқал дода, ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии худро боз ҳам мустаҳкамтар намуданд.
Камолзода Н.Р., муовини сардори курси воҳиди
таълимӣ-низомӣ, факултети №6, Академияи ВКД, майори милитсия