Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии навбатии шунавандагони Факултети№ 1 бо хатмкунандагони Академияи ВКД

OSH 92305-уми декабри соли равон баҳри иҷрои дастуру супоришхои Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати мустаҳкам намудани донишҳои назариявии курсантон бо амалияи муосир, таҳти роҳбарии муовини аввали сардори Академияи ВКД, ва сардорони факултетҳои №1 ва №2-и Академияи ВКД дар толори маҷлисгоҳи Академияи мазкур вохӯрии навбатии шунавандагони таҳсили ғоибонаи факултети №1 бо хатмкунандагони факултети №2 баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини аввали сардори Академияи ВКД, н.и.х.,полковники милитсия Насуриён П.А.,сардори факултети №1, н.и.х.,полковники милитсия Саидзода З.А., сардори факултети №2, н.и.х., подпо
лковники милитсия Мансурзода А.М.,инчунин муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти хатлон подполковники милитсия Тачали Д.А. ва сардори Маркази тахлилии РНТ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Абдулозода Б.Я, ки бо таври ғоибона дар факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иштирок намуданд.
Нахуст суханро муовини аввали сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Насуриён П.А., кушода иброз намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия ба раванди таълиму тарбия, интизоми хизматӣ дар Академияи ВКД таваҷҷуҳи хоса ва ғамхории пайваста зоҳир менамоянд ва хамчунин иброз намуданд, ки чунин вохӯриҳо ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Сипас сухан ба шунавандаи факултети № 1 муовини сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти хатлон подполковники милитсия Тачали Д.А дода шуд. Дар рафти вохури шунавандагони факултети № 1 аз таҷрибаи кории худ ба курсантон маълумоти муфассал дода, қайд намуданд, ки дар ҷаҳони муосир ру овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Мо ба ҷавонони бонангу номуси тоҷик бахусус курсантони Академияи ВКД ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо бовари дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи падарон бобоён ва гузаштагони худ ҳастанд. Инчунин ӯ ба курсантони соли аввал дар хусуси меҳнати пурмашаққати кормандони милитсияи тоҷик дар солҳои аввали барқароршавии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон изҳори андеша намуд.OSH 9213
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обухоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Сипас гуфтугӯи озоди курсантони факултети №2 бо роҳбарони номбаргардида баргузор гардид, ки бо саволу ҷавоб анҷомид.
Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯри муовини аввали сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Насуриён П.А., изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯри ба ҳамагон аз ҷиҳати маънавӣ самарабахш буда ташкили чунин вохӯриҳо бо курсантон ба ташаккули ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати онҳо ба Ватан мусоидат менамояд.
Саида Сафарзода., Шавкат Убайдуллоев.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...