Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Ҷавонон. Илм. Бехатарӣ. Мактаби муқовимат ба экстремизм"

ч130 ноябри соли 2022 муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. дар Форуми байнанлмилалии олимони ҷавон дар шакли on-line формат дар мавзӯи «Ҷавонон. Илм. Бехатарӣ. Мактаби муқовимат ба экстремизм» (Молодежь. Наука. Безопасность. Школа противодействия экстремиму), ки бо ибтикори Академияи идоракунии ВКД Россия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар рафти Форум масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳолати муосир ва дурнамоии инкишофи таъминоти илмии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, асосҳои ҳуқуқии мубориза бо экстремизм дар байни ҷавонон, масъалаҳои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ин раванд, пурзӯр кардани ҳамкории давлатҳо, роҳ надодан ба тарғибу ташвиқи ин ҳодисаҳо аз тариқи Интернет ва расонаҳои ахбори оммавӣ, баррасӣ шуданд.
Дар Форум инчунин намояндагон ва мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Ветнам, Муғулистон, дигар муассисаҳои махсуси системаи ВКД Россия иштирок намуданд.
Кори Форум ба 3 сексия тақсим шуда буд, ки ҳар яке аз онҳо масъалаҳои зеринро баррасӣ намуданд:
1. Технологияҳои муосири муқовимат ба экстремизм.
2. Махзани ҳуқуқии мубориза ба экстремизми ҷавонон.
3. Равандҳои психологӣ-педагогии мубориза ба экстремизми ҷавонон.
Дар баромади худ Р.Р.Раҳмадҷонзода таъкид кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста буду мемонад ва муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД дар ҳалли масъалаҳои мубрами мубориза ба экстремизми ҷавонон нақши муҳим доранд. Бинобар ин, барои беҳтар намудани ҳамкорӣ дар ин самт якчанд тадбир оид ба мукаммал намудани ҳамкориҳои минбаъдаро пешниҳод намуд.ч2

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...