Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ»
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади дар амал тадбиқ намудани талаботҳои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2026» ва «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», мувофиқи банди 35 фасли 3 Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 санаи 30 ноябри соли 2022 дар толори диссертатсионии бинои факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ» бо иштироки ҳайати доимию тағйирёбандаи Академия ва меҳмонон, баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳии чорабинии мазкурро муовини аввали сардори Академия, н. и. ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асад ҳусни оғоз бахшида, ҳайати иштирокчиёнро муарифӣ намуд.
Дар конференсияи мазкур шахсони зерин бо маърӯзаҳо баромад намуданд:
Абдулқодирзода Саидмукаррам – Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ дар мавзӯи «Илму маърифат ва ахлоқи ҳамида – омили муҳим аз таъсири ҳамагуна зуҳуроти номатлуб»;
Бухоризода Мансур Fоиб – сардори Раёсати огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун субъекти амалисозандаи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм»;
Иброҳимзода Амир Мудин – сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Роҳҳо ва усулҳои пешгирии ҷавонон аз терроризм ва экстремизм»;
Қурбонов Баҳром Раҳмонович – ноиби ректор оид ба илми Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, доктори илмҳои таърих, профессор дар мавзӯи «Экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср»;
Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукаррам – муовини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Хатари паҳншавии терроризм ва экстремизми хушунатомез, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ»;
Нодиршоев Аслишоҳ Султоншоевич – сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Ҷабборзода Фаррух Ҷаббор – муовини сардори шуъбаи 2-юми Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм»;
Исоев Насимҷон Саиднуриддинович – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ва роҳҳои пешгирии онҳо»;
Ҳамрозода Мирмуҳаммад Фаррух – ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Сафарзода Ҳаёт Саидамир – профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия дар мавзӯи «Проблемаҳои ташкили муқовимат ба идеологияи экстремистӣ-террористӣ ва роҳҳои ҳалли он»;
Самиъзода Бахтиёр Салим – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия дар мавзӯи «Таассуб ва хурофоти динӣ омили ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ»;
Шарифзода Вафоиддин – дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти хифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия дар мавзӯи «Омилҳои психологии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ»;
Аҳёзода Шоҳрух Табарукшоҳ – дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия дар мавзӯи «Экстремизми иттилоотӣ ва таносуби он аз кибертерроризм»;
Расулзод Лоиқ Холиқ – ходими илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия дар мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ: истифода ва таъсири он ба ҷомеа»;
Абдуллозода Дилангез Алиҷон – муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети № 6 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия дар мавзӯи «Таърих ва ҷанбаҳои пайдоиши терроризми муосир»;
Мирмахмедов Табрез Абдуллоевич – курсанти курси 5-уми факултети № 6 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия дар мавзӯи «Хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба идеологияи ҷавонон».
Ҳар як баромадкунанда бо маърӯзаи худ дар мавзӯи пешбинигардида баромад намуданд, ки аз онҳо иштирокчиёни конференсия як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд.
З. П. Ҳайдарзода, С. Сафарзода.