Иштирок дар 19-умин конференсияи илмӣ-амалии умумироссиягии «Хонишҳои криминалистӣ дар Алтай» дар шакли онлайн
24 ноябри соли 2022 дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар шакли онлайн 19-умин конференсияи илмӣ-амалии умимуроссиягӣ таҳти унвони «Хонишҳом криминалистӣ дар Алтай» (Криминалистические чтения на Алтае) баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Самиев Назар Мурадович бо маъруза дар мавзуи «Отдельные проблемы расследования преступлений в Таджикистане» иштирок намуд.
Ташкилкунандаи чорабинии илмӣ Донишкадаи ҳуқуқштносии ВКД Россия дар ш. Барнаул буд. Қайд намудан ба мврид аст, ки дар соли 2018 байни муассисаҳои таълимии мо Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба имзо расид. Аз он вақт то инҷониб ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимиамон ба сатҳи баланд баромаданд. Мисол, дар соли 2020 бори аввал дар таърихи Академияи ВКД Тоҷикистон ҳимояи рисолаҳои дипломии хатмкунандагони Донишкадаи Барнаули ВКД – намояндагони Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорони Академияи ВКД, тавонист ба амал ояд, ки ин аз эътимод ва эътирофи иқдомоти муштараки мо ҷиҳати муттаҳид ва ҳамоҳангсозии системаҳои маорифи миллӣ шаҳодат медиҳад.
Дар кори конференсия инчунин, намояндагони муассисаҳои системаи ВКД Россия ва давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр