Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузор гардидани конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар шакли он-лайн

IMG 20221125 103249

Тибқи иҷрои бандҳои дахлдори Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмие, ки 23 декабри соли 2021 байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ш. Тошканд) ба имзо расидааст, санаи 25 ноябри соли 2022 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар шакли онлайн (маҷозӣ) дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами мубориза оид ба ҷинояткорӣ: назария ва амалия» (Актуальные проблемы борьбы с преступностью: теория и практика) баргузор гардид, ки дар он мутахассисон, олимон ва профессору омӯзгорони мактабҳои олии системаи ВКД ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи натанҳо аз Ӯзбекистон, балки аз Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар чорабинии байналмилалии мазкур бо суханҳои ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, полковник Ҳамитов Р.А., Бурхонов Қ.Н. – Раиси Кумитаи Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, Абитов Т.Т. – сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, полковники милитсия, Башан А.В. – муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Белорус, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, достент, полковники милитсия, Сейтҷанов О.Т. – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи Б. Бейсенови Караганда оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия, Диваева И.Р. – сардори кафедраиҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологияи Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Уфа, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники политсия ва диг. баромад намуданд.25.11.2022 г.-страницы-18
Дар конференсия муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон бо маъруза дар мавзуи «Новые векторы противодействия преступности в Таджикистане в 2021-2030 г.» баромад намуд.
Дар рафти конференсия масъалаҳои гуногуни фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, методҳои таҳлилкунии иттилоот дар мубориза оид ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда дар платформаҳои интернетӣ, ҷиҳати боадолатона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, оид ба муносибатҳои ҳуқуқии мақомоти тафтишотӣ ва прокуратура, баррасӣ намудани масъалаҳои гузаронидани экспертизаи судӣ ва баҳо додани ба он, масъалаҳои мубориза ба коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, экстремизм, терроризм ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ баррасӣ карда шудаанд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...