Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осорхонаи миллӣ – дастоварди даврони истиқлол

IMG-20221122-WA0003Осорхонаи миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими фарҳангии даврони Истиқлоли Тоҷикистон мебошад. Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июли соли 2011 таъсис ёфтааст. Дар маросими кушодашавии осорхонаи миллӣ Пешвои муаззами миллат иштирок намудаанд. Дар Осорхона толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Хазинаи экспонатҳои осорхонаи миллиро бошад хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ - ёдгориҳои зиёд ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, туҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Бояд зикр намуд, ки осорхона таҷассумгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик буда, тамошои он касро ба сайри таъриху тамаддуни миллати бостон мебарад. Тибқи Нақшаи кории Шурои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва тарбияи худогоҳиву хештаншиносӣ, инчунин ҳисси баланди ифтихори миллӣ, санаи 22-юми ноябри соли 2022 курсантони гурӯҳи таълимии 309 факултети №2 бо ташаббуси куратори гурӯҳи таълимӣ, подполковники милитсия Солеҳзода Фароғат ба Осорхонаи миллӣ сафарбар гардиданд.

Дидан намудан аз Осорхона ва ҷойҳои таърихӣ барои васеъ намудани сатҳи маълумотгирӣ ва дарки воқеаҳои таърихӣ, ҷаҳонбинии курсантон, ошноӣ пайдо намудан бо анъана, маросим ва оинҳои мардумӣ замина мегузорад. Сайри курсантон бо тавсияи роҳбалад тибқи нақша дар толорҳои алоҳидаи Осорхона баргузор гардида, онҳо тавонистанд оид ба ашёҳои таърихии (эспанатҳо) мавҷудбуда маълумоти мушаххас гиранд. Дар лаҳзаҳои сайр дар Осорхона бо дидани ашёҳои гуногуни таърихӣ курсантон аз таърих, фарҳанг , каҳрамонҳои таърихӣ ёдовар мешуданд, ки аз шавқовар будани сайри Осорхонаро гувоҳӣ медод. Ҳамин тариқ аз тамошои Осорхона курсантон руҳбаланд гардиданд, маълум гардид, ки сайри осорхона басо таъсирбахш анҷом ёфт. Курсантон дар толорҳои алоҳида ва назди Бинои Осорхона аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

Куратори гурӯҳи таълимии 309,
подполковники милитсия Солеҳзода Ф.Ф.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...